Раҳбари ҲНИТ ҳамтоёни худро бо пирӯзӣ табрик гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевКабирӣ дар интихобот
Кабирӣ дар интихобот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натоиҷи интихоботи гузаштаро пирӯзии ҳамтоёнаш донист, ҳарчанд ҳеч номзаде аз ҳизби вай вориди порлумон нашуд.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Рӯзи душанбеи гузашта раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷонибдорони худро бо пирӯзӣ дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ табрик гуфт, хабар медиҳад сойти ҲНИТ.

Феҳрасти ҳизбии ҲНИТ тибқи натоиҷи муқаддамотии КМИР ҳудуди 1,5% раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуд ва ба ин тартиб натавонист меъёри панҷдарсадиро убур карда вориди порлумон шавад.

"Пирӯзӣ ба он маънист, ки инсон қабл аз ҳама қаноъатмандӣ ва ризоиятро дар назди Ватан, миллат ва виҷдони худ эҳсос кунад", — гуфт Кабирӣ дар ҷаласаи ҳизбӣ, ки дуруст баъд аз эъломи натоиҷи муқаддамотӣ рӯзи душанбе баргузор шуд.

Вай даъват кард, ки пайваста аз Худо дар ҳама маворид ташаккур кунанд, зеро бартарии мусалмонон аз он иборат аст, ки ҳамаи ҳаводисро пирӯзӣ донанд. "Вақте мо аз Худо барои шароит миннатдорем — мо пирӯзем, вақте рӯзҳои душворро паси сар мекунем — пирӯзем, мусалмон ва боимон ҳаргиз мағлуб нест, ҳамеша пирӯз аст", — гуфт вай ва ҳамаро бо пирӯзӣ табрик гуфт.

"Мутмаъинам, ки ҳар яке аз шумо аз фаъолияти анҷомдодаи худ ва ҳизби худ дар ин корзори интихоботӣ қаноъатманд ҳастед, — гуфт вай. — Шумо нишон додед ва собит сохтед, ки ҲНИТ ҳаст, мемонад ва созандагӣ мекунад. Ин воқеъияти раднопазир аст ва ин воқеъиятро шумо сохтед ва мо аз Худо сипосгузорем, ки миллат ҳам ба шумо посух дод".

Кабирӣ изҳор дошт, ки яке аз вижагиҳои ҲНИТ ба он марбут аст, ки ҳизб ҳаргиз, дар ҳеҷ як вазъият тасмими саросемавору эҳсосоти қабул намекунад ва баҳогузорӣ намекунад. Ба гуфтаи вай, маҳз ҳамин гуна сиёсатро бунёдгузорони ҳизб Сайид Абдулло Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҷойгузин кардаанд.

КМИР Тоҷикистон: беш аз 82% интихобкунандагон раъй доданд

"Мо бояд хунсардона вазъи феълиро арзёбӣ кунем ва меъёри мо бояд қаноъатмандии Худованд, миллат ва манофеъи кишвари мо бошад. Меъёр бояд раъйи воқеъӣ ва пуштибонии халқ бошад, на он чизе эълом карданд ва ё боз эълом мекунанд. ҲНИТ ба хотири ин миллат таъсис шудааст, на миллат барои ҳизб ва ё шахсиятҳои ҷудогона ва ҳамаи мо барои ин миллату ин кишвар вуҷуд дорем", — гуфт Кабирӣ.

Ба гуфтаи вай, кишвар аз пешина дида бештар ба субботи дохилӣ ва маром ниёз дорад, зеро хатароти зиёде вуҷуд доранд, "куллияи сарчашмаҳо, ки мо дорем, бароямон ояндаи соддаро кафолат намедиҳанд". Ва суббот, ба эътиқоди Кабирӣ, он замон ба даст меояд, ки миёни ҳукумат ва мардум ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ҷой дошта бошад.

"Имрӯз ба мо эълом карданд, ки ба ҷонибдории мо 56 ҳазор нафар раъй доданд. Ва агар мо хостори суббот бошем, бояд миёни ҳукумат ва ин 56 ҳазор нафар ҷонибдорони ҲНИТ ҳамдигарфаҳмӣ бошад", — гуфт вай.

Вай даъват кард, ки бояд барои расидан ба субботи дохилӣ куллияи иқдомоти зарурӣ анҷом дода шавад, вале ҳамзамон гуфт, ки "ин ба он маънӣ нест, ки мо набояд аз ҳуқуқи худ ҳимоят накунем".

"Таҳаммул ва кӯшиш ба суббот, вале ҳамзамон бояд барои ҳимояи ҳуқуқи худ низ талошҳо шавад. Қонун роҳҳои расидан ба ин аҳдофро мушшахас ва нишон додааст. Раҳбарияти ҳизб бояд қадам ба қадам талош кунад, ки дар чорчӯби қавонин ҳуқуқи ҳар як узви ҳизб таъмин шаванд", — муътақид аст вай.

Дар 15 соли ахир ҲНИТ барои бори нахуст бидуни курсӣ дар порлумон монд. Дар се интихоботи гузашта ҳизб аз 7 то 9 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуда ва дар порлумони кишвар вакилон дошт. Дар ҳайъати гузаштаи порлумон худи Кабирӣ ва муъовинаш Сайидумар Ҳусайнӣ вакил буданд.

Тибқи натоиҷи муқаддамотии интихобот, тибқи феҳрасти аҳзоб ба порлумон намояндагони чаҳор ҳизб аз ҷумлаи ҳашт ҳизби ширкаткунанда дар интихобот раҳ ёфтанд — Ҳизби халқи демократӣ, Кишоварзӣ, Сотсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.

ҲХДТ 16 курсӣ, кишоварзӣ 3 курсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ 2 курсӣ ва сотсиалистӣ 1 курсиро соҳиб шуданд.

Ҳамчунин, аз ҳавзаҳои ҷудогона раҳбари Ҳизби демократӣ Сайидҷаъфар Исмонов ва ду нафар коммунистон, ки раҳбарияти Ҳизби коммунист онҳоро аъзои худ намедонанд, интихоб шуданд. Зимнан, онҳо худашон аз пирӯзиашон хабар медиҳанд, зеро натоиҷи интихобот дар ҳавзаҳои ҷудогона ҳанӯз эълом нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0