Facebook низоми хусусии пардохтҳоро роҳандозӣ мекунад

© Flickr \ Franco BoulyFacebook
Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маболиғ аз ҳисоби бонкии корте, ки муштарӣ онро дар замимаи Facebook Messenger нишон додааст, барчида шуда ба ҳисоби корбари дигар дар муддатиаз як то се рӯзи корӣ интиқол меёбад.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Facebook рӯзи сешанбе аз роҳандозии низомии пардохтии хусусии худ дар ИМА эълом кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Барои истифода аз ин низом бояд замимаи Facebook Messenger насб карда шавад — тавассути он корбарон метавонанд ба дӯстони худ маболиғ мунтақил диҳанд. Facebook барои таҳвилҳои пулӣ маболиғи изофӣ намеситонад, омадааст дар хабари ширкат.

Корбари ноутбук. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон маводи сойтҳои интернетиро таҳти назорат қарор медиҳанд

Эҳтимолан ин низом дар қаламрави ИМА моҳҳои наздик фаъол мешавад. Ин низом ба корбарони Facebook, ки аз таҷҳизоти мобилӣ бар пояи iOS, Android ва ҳамчунин онҳое, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути компютерҳои хусусӣ истифода мекунанд, дастрас хоҳад буд.

Маболиғ аз ҳисоби бонкии корте, ки муштарӣ онро дар замимаи Facebook Messenger нишон додааст, барчида шуда ба ҳисоби корбари дигар дар муддати як-се рӯзи корӣ мантақил дода мешавад.

Барои таъмини амният хатти пайвасти корбар бо пойгоҳи ширкат махфӣ шуда ва тими вижаи мутахассисон мавориди шубҳаангези таҳвилҳои пулиро назорат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0