ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз Идораи мухобироти кишвар (Хадамоти алоқа) ва ниҳодҳои дигари зирабт тақозо кардааст, ки асноди қонунӣ барои назорати маводди сойтҳои интернетиро таҳия кунанд, омадааст дар қарори ҳукумат, ки дар сойти Adlia.tj мунташир шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар қарор худ "Дар бораи натоиҷи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва дурнамо барои соли 2015" зикр кардааст, ки то 1 июни соли 2015 аз ниҳодҳои зирабти кишвар "асноди таҳияшудаи муқаррароти қонунӣ барои танзими маводди сойтҳои интернетиро интизор аст".
Идораи мухобирот бояд якҷо бо Маркази миллии қонунгузорӣ, вазорати фарҳанг, вазорати адлия, вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорат, комитети телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият кунад.