ИА ва ОМ таҳдидҳо ва хатароти муосирро муҳокима карданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПарчами Иттиҳодияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ
Парчами Иттиҳодияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кори ҷаласае, ки он дар он таҳдидоти муосир дар амният мисли тундгароӣ, мушорикати ҷангиёни хориҷӣ, субот ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд, ба унвони меҳмони вижа намояндаи Афғонистон низ ширкат дошт.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Масоили амниятӣ дар ҷараёни ҷаласаи дуввуми Музокироти сатҳи олӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон матраҳ шудаанд, хабар медиҳад маркази матбуотии намояндагии ИА дар Тоҷикистон.

Дар кори ин ҷаласа, ки бо ширкати муовинони вузарои хориҷа баргузор шуд ҳамчунин намояндаи Афғонистон ба унвони меҳмони вижа ширкат дошт.

Муовини Дабири кулли Идораи умури хориҷии Аврупо Ҳелга Шмид зикр кард, ки ин музокирот шароитро барои баррасӣ ва ҳалли масоили сиёсӣ ва амният, ки ба манофеъи ҳамаи ҷонибҳост, фароҳам кард.

ИФА Русия: дар суфуфи “ДИ” бист ҳазор атбоъи хориҷӣ меҷанганд

"Дар ин дидор таҳдидоте дар бахши амният ба мисли тундгароӣ, мушорикати ҷангиёни хориҷӣ, муҳоҷират, субот ва амнияти минтақавӣ, ки ба қочоқи маводди мухаддир рабт доранд, баррасӣ шудаанд", — зикр гардидааст дар баёния.

Дар бораи фаъол кардани талошҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин бобат тавофуқ ва қарор шудааст, ки онҳо ба сатҳи ҳамкории минтақавии миёни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ боло бурда шаванд.

Қайд гардид, ки кишварҳо тавофуқ карданд, ки дар заминаи ҷилавгирӣ аз паҳн кардани таҳдидоти шимиёӣ, билогӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ ҳамкорӣ кунанд ва баҳори соли 2015 дар шаҳри Тошканд маркази минтақавии зирабт боз карда шавад.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба тақвияти ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад

Ба ҷуз аз ин, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар фаъолият ва иқдомоти муассир барои муқобала бо терроризм ва тундгароии иҷборӣ мушорикат кунанд.

Музокироти сатҳи олӣ дар масоили амният бозгӯйи манофеъи умумии Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши амниятӣ аст.

Бинои вазорати умури хориҷии ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ИМА аз истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад

Ин музокирот раванди иртибототи доимӣ, аз ҷумла дидорҳои ҳамасолаи миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сатҳи вузароро идома медиҳад. Музокироти сатҳи олӣ дар масоили амниятӣ пайваста баргузор мешаванд.

Музокироти нахустин соли 2013 дар Брюссел баргузор шуд. Музокироти феълӣ ҳамзамон бо бознигарии Барномаи Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд ва бояд ба ин амр мусоидат кунад.

Лентаи хабарҳо
0