ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. ИМА ҳифзи истиқлолият ва вуҷуди қаламрави ҳар яке аз кишварҳои Осиёи марказиро идома медиҳад ва имкон намедиҳад, ки ин минтақа барои террористҳо паноҳгоҳ шавад, гуфт муъовини ёвари вазири хориҷии ИМА дар умури кишварҳои ОМ Даниэл Розенблюм, хабар медиҳад CA-News.
"Мо бо дарназардошти равобити мутақобила истиқлолият, бетарафӣ ва воҳидии қаламравии ҳар яке аз кишварҳои Осиёи марказиро пуштибонӣ мекунем. Мо ба ҳаққи мутлақ талош надорем ва аз кишварҳои Осиёи марказӣ низ тақозо намекунем, ки танҳо бо мо ҳамгироӣ дошта бошанд", — гуфт вай рӯзи сешанбе ҳангоми нишасти матбӯъотии телефонӣ бо хабарнигорони Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон.
Вай муътақид сохт, ки куллияи мушкилот ва вижагии минтақаро медонад, зеро шахсан аз ин кишварҳо дидан кардааст.
"Он ҷо ба ман ҳушдор доданд, ки ин кишварҳо барои ҳифзи истиқлолият ва бетарафии худ, озодии интихобот сахт талош доранд ва аз истиқлоли худ фахр мекунанду намехоҳанд касе ба умури онҳо мудохила кунанд", — гуфт вай ва изофа кард, ки ИМА низ ин аҳдофро доранд.
Ба гуфтаи вай, ИМА намехоҳанд, ки қаламрави кишварҳои Осиёи марказӣ барои террористон паноҳгоҳ бошад ва ба ин далел Вашингтон талош дорад, ки "ҳамкорӣ дар арсаи амният ва муқобала бо террорисму қочоқи маводди мухаддир ва ҳамчунин созмони "Давлати исломӣ" тақвият дода шавад".