ИФА Русия: дар суфуфи “ДИ” бист ҳазор атбоъи хориҷӣ меҷанганд

© AP Photo, FileПарчами ДИ. Акс аз бойгонӣ
Парчами ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нерӯҳои амниятии Русия аз афзоиши теъдоди атбоъи хориҷӣ, ки дар даргириҳои Ироқ ва Сурия дар суфуфи гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” меҷанганд, хабар медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба пуштибонӣ аз гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Ироқ то 20 ҳазор нафар аз 100 кишвари ҷаҳон меҷанганд, гуфт ба хабарнигорон дар Вашингтон мудири ИФА Русия Александр Бортников, хабар медиҳад РИА Новости.

"Феълан дар даргириҳо дар Ироқ ҳудуди 100 кишвар пайвастаанд. Теъдоди атбоъи хориҷӣ дар суфуфи ДИ аз 13 то 20 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст — мо тақрибан чунин оморро арзёбӣ мекунем", — гуфт Бортников, ки дар ҳамоиши муқобала бо тундгароии иҷборӣ дар Вашингтон ширкат мекунад.

Ҷанг дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ", ки соли 2006 дар Ироқ дар пайи ба ҳам омадани ёздаҳ созмони ифротии исломӣ ба раҳбарии бахши маҳаллии "Ал-Қоида" ташкил шудааст, умдатан дар қаламрави Сурия ва Ироқ фаъолият мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон, ки дар авохири соли гузашта аз мушорикати 300 шаҳрвандонаш дар даргириҳои Сурия хабар дода буданд, ахиран изҳор доштанд, ки ба манзури муқобала аз эъзоми зархаридон ба Сурия ва кишварҳои дигари Ховари Миёна ситоди вижа таъсис медиҳанд.

Дар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд

Худи Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли ҷорӣ изҳор дошт, ки мақомот аз навҳаи ҷалби зархаридон огоҳӣ дорад ва додситонии кулли Тоҷикистон дар муқобала бо зархаридон бо ИФА Русия ҳамкорӣ мекунад.

Ба иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2014 нисбати 85 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Ироқ ва Сурия меҷанганд 41 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0