ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ҷузъиёти ҳаводиси моҳи марти соли гузаштаро, ки дар пайи ҳамапурсӣ Қрим ба қаламрави Русия пайваст, қисса кард, менависад РИА Новости.
Дар филми мустанади "Қрим. Роҳи бозгашт ба Ватан", ки қисмате аз онро шабакаи телевизионии "Россия 1" намоиш дод, Путин гуфт, ки қабл аз баргузории ҳамапурсӣ назарсанҷие барои мушшахас кардани мавқеъи сокинони Қрим барои бозгашт ба қаламрави Русия анҷом дода шуд.
"Ошкор шуд, ки 75% дар сади куллияи сокинони Қрим ҷонибдори пайвастан бо Русия мебошанд. Бифаҳмед, ки назарсанҷии пӯшидае бидуни имкони пайвастан баргузор шуд. Барои ман рӯшан шуд, ки агар мо ба ин самт ҳаракат кунем, теъдоди нафароне, ки ҷонибдори ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаи таърихӣ бошанд, бамаротиб бештар мешавад", — зикр кард раиси ҷумҳурии Русия.
"Ҳадафи ниҳоӣ ин буд, ки ба мардум имкони изҳори назар дар мавриди зиндагии ояндаи онҳо дода шавад… Худам андеша мекардам, ки агар мардум ин амрро хоҳанд, пас бояд ҳамин тавр шавад. Яъне, онҳо бо мухторияти бештар ва бо ҳуқуқи бештар, вале дар ҳайъати Украина зиндагӣ мекунанд. Бигзор ҳамин тавр шавад. Вале, агар онҳо дигар навҳаро интихоб кунанд, пас мо аз онҳо сарфи назар карда наметавонем! Мо натоиҷи ҳамапурсиро медонем. Ва мон чунон рафтор кардем, ки муваззаф будем ҳамин тавр кунем", — гуфт Путин.
Чи гуна Қрим ба ҳайати Русия шомил шуд
Қрим қонунӣ будани ҳокимияти ҷадиди Украинаро эътироф накард ва тасмим гирифт дар бораи ояндаи ин минтақа ҳамапурсӣ баргузор кунад. Ҳамапурсӣ 16 марти соли 2014 баргузор шуд. Ба баргаҳои раъйдиҳӣ ду савол гузошта шуд: "Шумо ҷонибдори пайвастани Қрим ба Русия ба унвони минтақаи Русия ҳастед?" ва "Шумо ҷонибдори дубора фаъол шудани Қонуни асосии Ҷумҳурии Қрим аз соли 1992 ва шакли давлатдории Қрим ҳамчун ҷузъи Украина ҳастед?"
Бештаре аз раъйдиҳандагон (96,77%) аз 83,1% ширкаткунандагон аз пайвастан бо Русия ҷонибдорӣ карданд. Тавофуқ дар ин замина 18 март имзо шуд ва сипас Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия онро тасвиб карданд.
Ин ду ниҳод ҳамчунин, қонун дар бораи таъсиси ду минтақаи ҷадид дар ҳайати Русия — Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри дорои аҳамияти федералӣ- Севастополро тасвиб карданд. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ин ду санадро имзо кард. Қаблан Путин ҳамчунин изҳор дошта буд, ки баргузории ҳамапурсӣ дар Қрим мутобиқ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ва низомномаи СММ мебошад.