Раҳбари Қрим: Порошенкоро додгоҳи низомӣ муҳокима мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкРаҳбари ҷумҳурии худмухтори Қрим Сергей Аксенов. Акс аз бойгонӣ
Раҳбари ҷумҳурии худмухтори Қрим Сергей Аксенов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Аксенов мӯътақид аст, ки Ҷумҳурии Қрим ватани таърихии худро муҷаддадан пайдо кардааст ва бозгашт ҳаргиз сурат нахоҳад гирифт ва раҳбари Украинаро додгоҳи низомӣ интизор аст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мақомоти Киевро додгоҳи сангини мардуми Украина интизор аст ва раиси ҷумҳур Порошенкоро додгоҳи низомии Қрим дар пеш аст, изҳор дошт раҳбари ҷумҳурии худмухтор Сергей Аксенов, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо ба вай (Порошенко) додгоҳи низомии Қримро ваъда дода будем ва ин додгоҳ дар ҳамин ҷо сурат мегирад. Ҳамин ҷо меорему муҳокима мекунем", — гуфт Аксенов ва аз ҳодисаи ҳудуди як соли қабл ёдоварӣ кард, ки Порошенко аз ширкаткунандагони "баҳори Қрим" фирор кард, ҳарчанд дар остонаи баргузории ҳамапурсӣ дар бораи ояндаи давлатдории Қрим ба ин ҷо омада буд.

Аксенов изҳор дошт, ки Қрим ҳаргиз дигар дар ҳайати Украина нахоҳад буд, зеро ба ватани таърихии худ баргаштааст. Вай мӯътақид аст, ки "шаҳрвандони баҳуши Украина, ки теъдодашон зиёд аст", базудӣ "як дастаи нохалафон, ки ҳоло ба хотири манофеъи шахсӣ ниҳодҳои давлатиро забт кардаанд, барканор мекунанд".

"Ҳамаи онҳо натиҷаи аъмолашонро хоҳанд дид ва халқи худашон онҳоро муҳокима хоҳад кард", — гуфт Аксенов ба хабарнигорон дар Симферопол. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Қрим ҳамеша дӯсти мардуми Украина буд ва омода аст, ки баъд аз пайвастшавии Украина ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳам бо ин кишвар дар фазои воҳид боқӣ монад.

Қаблан, Петр Порошенко дар робита ба "солгарди ҳаводиси хунин дар Қрим" ба мардуми Украина муроҷиат кард. Вай ваъда дод, ки Қрим ба ҳайати Украина бозпас гирифта мешавад ва "ҳамаи афроде, ки дар Қрим алайҳи давлатдории Украина ҷиноят содир кардаанд" муҳокима хоҳанд шуд. Матни муроҷиатнома дар сойти раиси ҷумҳури Украина мунташир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0