Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард

© Sputnik / Евгений КотенкоНишасти матбуотии Петр Порошенко, президенти Украина
Нишасти матбуотии Петр Порошенко, президенти Украина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвари Украина, ки алъон дар Австралия масоили воридоти ангишуту газро ба кишвараш баррасӣ мекунад, ба Русия муроҷиат кард. Пас аз мулоқоташ бо нахуствазир Тони Эббот, аснои нишасти матбуотӣ даъвои худро изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Пётр Порошенко, президенти Украина бори дигар масъулияти вазъ дар кишварро болои Русия таҳмил карда, ҳарфҳои моҳи сентябр гуфтаашро такрор сохт, хабар медиҳад РИА Новости.

"Лутфан, тирпаррониро қатъ кунед. Лутфан, гаравгонҳоро озод намоед. Лутфан, низомиёнро аз қалмрави ман берун кунед",- иброз дошт Порошенко  ҳангоми муроҷиат ба Русия дар Мелубрн аснои конфронси матбуотӣ.

Ҳамчунин, пешвои Украина аз ФР дархости бастани марзро бо кишвараш кард. Ба гуфташ, ин амал боиси "сулҳу субот дар Украина" баъди чанд ҳафта хоҳад шуд.

Порошенко даъват кард, ки то 9 декабр оташбас эълом шавад

Моҳи сентябр низ Порошенко дар нишасти ташкилоти таҳлилии Амрико як чунин суханонро дар қиболи Русия таъкид карда буд.

"Ман мехоҳам ба ин масъала равшанӣ андозам, ки Украина на танҳо барои мустақилият ва дахлнопазирии қаламраваш, балки барои демократияЮ сулҳ  ва озодӣ ҷанг мекунад",- илова кард пешвои Украина дар Мелбурн.

Мақомоти Украина ва кишварҳои ғарбӣ ҳамеша аз Русия интиқод карда, Маскавро дар барафрӯхтани низоъ дар шарқи он кишвар гунаҳкор медонанд. Русия чандин бор эълом дошт, ки ҳеч иртиботе ба қазия надорад ва яке аз ҷонибҳои даргир маҳсуб намегардад. Баръакс, Маскав ҳамеша ҷонибдори ҳалли низоъ дар Украина буд ва ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0