Сафири ИМА дар Сеул ба наздикӣ аз бемористон мураххас мешавад

© Flickr \ http://8b.kz/4R6YМарк Липперт. Акс аз бойгонӣ
Марк Липперт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи гузашта, марди муҷаҳҳаз бо теғ (алмос) ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт (Mark Lippert) ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт, ки дар Сеул мавриди ҳамла қарор гирифта буд, рӯзи сешанбе аз бемористон мураххас мешавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости ба истинод ба намояндаи департаменти давлатӣ Ҷен Псаки.

"Интизор меравад, ки сафир рӯзи сешанбе аз бемористон мебарояд. Сиҳатии ӯ хуб арзёбӣ мегардад",- гуфт масъули ВКХ ИМА.

Вашингтон ҳамла ба сафири амрикоӣ дар Сеулро маҳкум кард

Марди муҷҷаҳаз бо алмос субҳи рӯзи панҷшанбеи гузашта ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт  ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд. Ҳамлагар зуд аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуда, ҳанӯз тафтишоти қазия идома дорад.

Ба иттилои расонаҳои Корея, марди ҳамлагар тақозои пайваст шудани Пхенян ва Сеулро доштааст.

 

Лентаи хабарҳо
0