Вашингтон ҳамла ба сафири амрикоӣ дар Сеулро маҳкум кард

© Flickr \ http://8b.kz/4R6YМарк Липперт. Акс аз бойгонӣ
Марк Липперт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди бо алмос муҷҷаҳаз субҳи рӯзи панҷшанбе ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт (Mark Lippert) ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи ИМА мавриди ҳамла ба сафири амрикоӣ дар Сеулро таъйид ва амали ҳамлагарро маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Марди муҷҷаҳаз бо алмос субҳи рӯзи панҷшанбе ба сафири ИМА дар Кореяи Ҷанубӣ Марк Липперт (Mark Lippert) ҳангоме ҳамла кард, ки дипломат ба мулоқоти субҳона ба маркази Сеул равон буд.

Ҳамлагар зуд аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуд ва феълан талош мекунанд, ки асомии вай дақиқ шавад.

"Мо қотеъона ин амали хушунатоварро маҳкум мекунем", — омадааст дар баёнияи вазоратхона ва изофа шудааст, ки сафорати ИМА дар Сеул иқдомоти худро бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг мекунад.

Тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи ИМА, захмҳои бардошта ба зиндагии Липперт хатароте ба дунбол надоранд.

Лентаи хабарҳо
0