ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мо борҳо шоҳид будем, ки ҷудоихоҳон, ки аз сӯйи Русия пуштибонӣ мешаванд, алорағми масъулияти ба зимма гирифтаи худ мукарраран шароити оташбасро нақз мекунанд, — гуфт рӯзи сешанбе намояндаи Кохи сафед Ҷош Эрнест, хабар медиҳад имрӯз РИА Новости.
Вай ҳамчунин гуфт, ки низомиёни рус дар ҳамалоти ахир ба Дебалтсево мушорикат дошта ва онҳо "фармондеҳии боэътимод дар шарқи Украинаро анҷом медиҳанд".
Ба гуфтаи вай, маъмурияти ИМА "нигаронии худ аз раванди идомаёбии нақзи муқаррароти тавофуқоти Минск аз сӯйи ҷудоихоҳон, ки аз Русия пуштибонӣ мешаванд, нигаҳ доштааст".
ИМА борҳо Маскавро дар мушорикат дар қазияи дохилии Украина муттаҳам карда, мукарраран изҳор шуда буд, ки Русия ба шарқи Украина нерӯ ва аслиҳа мефиристад.
Русия ин иттиҳомотро такзиб карда, изҳор медорад, ки ҷониби даргири қазияи дохилии Украина намебошад.
Мушкили ҳалли қазияи Украина дар музокироти сатҳи мухталиф, аз ҷумла дар дидори гурӯҳи тамос дар Минск бо миёнаравии ФР ва САҲА баррасӣ мешаванд.
Дар пайи дидори "чаҳоргонаи нормандӣ", ки 12 феврал баргузор шуд тасмимоте, аз ҷумла оташбас дар Донбасс аз 15 феврал, канор бурдани аслиҳаи сангин ва таъсиси манотиқи амн гирифта шуд.
Баъд аз эълом оташбас дар Донбасс базудӣ тирпарронӣ дубора оғоз шуд ва ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи "низоми хомӯшӣ" муттаҳам карда ва изҳор медоранд, ки танҳо тирпарронии ҷавобӣ мекунанд.
Киев муроҷиат ба СММ ва ИА барои ворид кардани сулҳхоҳон ба Донбассро баррасӣ мекунад.
Низоми эъломшудаи оташбас ба гуфтаи ҷонибҳои даргир ва нозирон дар куллияи масири даргирӣ, ба ҷуз аз Дебалтсево, риоят мешавад.
Мақомоти Украина дар апрели соли гузашта дар Донбасс алайҳи норозиёни табадуллоти давлатӣ амалиёти низомӣ оғоз кард.
Тибқи омори ахири СММ, то ҳол ҳудуди 5,7 ҳазор нафар сокинони осоишта қурбонии ин даргириҳо шудаанд.