Басурин: ҶМД аслиҳаи сангинро канор мебарад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкЭдуард Басурин. Акс аз бойгонӣ
Эдуард Басурин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таслиҳот аз манотиқе назири “Дебалтсево, Горловка, Донетск ва ба самти ҷануб” канор бурда мешаванд. Тибқи нақшаи канор бурдани таслиҳот барои ин амр ду ҳафта муқаррар шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Мақомоти ҷумҳурии худмухтори Донетск рӯзи сешанбе соъати 11:00 канорбарии таслиҳоти сангин аз масири даргириро оғоз карданд, хабар дод ба РИА Новости муовини фармондеҳи ҷудоихоҳон Эдуард Басурин.

"Тибқи нақша имрӯз 96 адад аслиҳаи сангин канор бурда мешаванд", — гуфт вай.

Дар маҷмӯъ "ин нақша бояд тӯли ду ҳафта иҷро шавад, яъне аз 22 феврал, ҳамон гуна ки тавофуқоти Минск муқаррар кардааст". "Яъне, аз имрӯз тӯли 12 рӯзи оянда", — таъкид кард намояндаи ҷудоихоҳон.

Ба гуфтаи Басурин, таслиҳот "аз манотиқи назири Дебалтсево, Горловка, Донетск ва дар масири ҷанубӣ канор бурда мешаванд".

Мақомоти Украина дар апрели соли гузашта дар Донбасс алайҳи норозиёни табадуллоти давлатӣ амалиёти низомӣ оғоз карданд.

Тибқи омори ахири СММ, ҳудуди 5,7 ҳазор нафар сокинони осоишта қурбонии ин даргирӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0