ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко кафолати ҷумҳуриашро барои аз муҳосираи Дебалтсево берун овардани низомиёни украинӣ ва васоили фаннӣ пешниҳод мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
"Мо омода ҳастем на танҳо миёнарав бошем, балки сарбаландона даргирӣ дар Дебалтсеваро хотима диҳем ва ҳамаи низомиёни Украинаро зери кафолати мо, ки онҳо дигар ҳаргиз намеҷанганд, берун оварем", — гуфт Лукашенко рӯзи чаҳоршанбе дар Минск ба ҳангоми дидор бо раиси БАБТ Сумо Чакрабарти.
"Агар касеро силоҳи низомиёни Украина дар Дебалтсево нигарон мекарда бошад, мо омода ҳастем ин силоҳро дар Белорус ҷо диҳем", — изофа кард раиси ҷумҳур.
Ба ин тартиб, идома кард вай, ин аслиҳа "дигар ҳаргиз дар амалиёти низомӣ истифода намешавад".
Ба гуфтаи Лукашенко, Белорус пешниҳод кард, ки "қазияи Дебалтсеваро дар як шабонарӯз ҳал кунад".
"Мо омода ҳастем ин қазияро дар тӯли як шабонарӯз ҳал кунем… агар ин пешниҳод барои афроди даргир дар Дебалтсево ҷолиб бошад", — зикр кард Лукашенко.
Вай ҳамчунин гуфт, ки Белорус метавонист дар ҳалли даргирӣ дар ҷанубу шарқи Украина нақши бориз дошта бошад.
Дар Минск ҷонибҳои даргири Донбасс аснодеро имзо карданд, ки оташбасро аз 15 феврал ва канор бурдани васоили сангини низомӣ ва таъсиси манотиқи амнро дар назар дорад.
Феълан оташбас ба истиснои Дебалтсево дар дигар ҷойҳо риоят мешавад.