Раҳбари ҶМЛ: Дебалтсево аз сӯйи ҷудоихоҳон комилан муҳосира шуд

© Sputnik / Дэн Леви / Гузариш ба медиабонкҶудоихоҳони Ҷумҳурии мардумии худмухтори Донетск дар наздикии Дебалтсево. Акс аз бойгонӣ
Ҷудоихоҳони Ҷумҳурии мардумии худмухтори Донетск дар наздикии Дебалтсево. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҷудоихоҳон муяссар шуд, ки ба ном “деги дебалтсево” ва чанд ҳозор нерӯҳои низомии Украинаро комилан муҳосира кунанд. Бархе аз аз муҳосирашудагон аллакай ба нерӯҳои ҷудоихоҳон таслим мешаванд.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раҳбари Ҷумҳурии мардумии худмухтори Луганск Игор Плотнитский изҳор дошт, ки чанд ҳазор аз нерӯҳои низомии Украина дар "ҳалқаи Дебалтсево" комилан муҳосира шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо масири умумии муҳосира дорем. "Деги Дебалтсево" баста шуд. Украина ин амро намепазирад ва эътироф ҳам намекунад. Ҳар аъмоле, ки феълан он ҷо анҷом мешаванд ва воқеъан сурат мегиранд, дар қаламрави дохилии мо аст", — иқтибос овардааст аз гуфтаҳои вай Маркази иттилоъотии Луганск.

Қаблан, намояндаи вазорати дифоъи ҷумҳурии мардумии худмухтори Луганск изҳор дошта буд, ки ба далели таҳти назорат гирифтани бархе аз манотиқи Дебалтсево, чанд гурӯҳи низомиён бо теъдоди ҳудуди 120 нафар таслим шудаанд. Феълан, ҷудоихоҳон баргаҳоеро бо даъват ба низомиён барои таслим паҳн мекунанд.

Дебалтсево шаҳри вилоятӣ дар минтақаи Донетск ва яке аз бузургтарин маркази роҳи оҳани Украина мебошад. Аҳамияти стратегии ин шаҳр ба он марбут аст, ки "забон"-и Дебалтсево ба қаламрави ҶМД ва ҶМЛ ворид шуда шаҳрҳое назири Горловка, Енакиево, Шахтерск, Лисичанск ва Стахановро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0