ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Русия умедвор аст, ки музокирот дар бораи Украина аз сар гирифта мешавад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи вай,Маскав умед дорад Вашингтон иштироки худро дар раванди музокироти Украина идома диҳад.
"Мо ин хидматҳоро хеле қадр мекунем ва умедворем, ки ин раванд идома ёбад", - гуфт Песков ба хабарнигорон, дар посух ба сувол дар бораи музокирот.
Песков ёдовар шуд, ки оташбаси эълоншуда аз ҷониби Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ 8 ва 9 май эътибор дорад.
Қаблан, нашрияи Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буд, ки музокиракунандаи Украина дар умури ҳалли ин масъала, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров, қарор аст ин ҳафта барои мулоқот бо фиристодаи вижаи ИМА Стив Уиткофф ба Майами сафар кунад.
Вазорати дифоъи Русия қаблан эълон карда буд, ки мувофиқи қарори президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8 ва 9 май ба хотири таҷлили пирӯзии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оташбас эълон карда мешавад.
Зеленский, аз ҷониби худ, изҳор дошт, ки Украина омода аст аз нисфи шаби 6 май оташбасро риоя кунад. Дар ҳамин ҳол, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ҳамон шаб ба Ҷанкой ҳамлаипаҳподӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуданд.