Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Русия умед дорад, ки музокирот дар бораи Украина аз сар гирифта мешавад

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонк Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков.
 Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Обуна шудан
Сухангӯи Кохи Кремлин гуфт, ки Маскав умедвор аст, ки Вашингтон дар раванди музокироти Украина иштироки худро идома диҳад
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Русия умедвор аст, ки музокирот дар бораи Украина аз сар гирифта мешавад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи вай,Маскав умед дорад Вашингтон иштироки худро дар раванди музокироти Украина идома диҳад.
"Мо ин хидматҳоро хеле қадр мекунем ва умедворем, ки ин раванд идома ёбад", - гуфт Песков ба хабарнигорон, дар посух ба сувол дар бораи музокирот.
Песков ёдовар шуд, ки оташбаси эълоншуда аз ҷониби Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ 8 ва 9 май эътибор дорад.
Қаблан, нашрияи Bloomberg бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буд, ки музокиракунандаи Украина дар умури ҳалли ин масъала, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров, қарор аст ин ҳафта барои мулоқот бо фиристодаи вижаи ИМА Стив Уиткофф ба Майами сафар кунад.
Берлин барои мусаллаҳ кардани Украина маблағи ҳангуфт сарф мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2026
Берлин барои мусаллаҳ кардани Украина маблағи ҳангуфт сарф мекунад.
Вазорати дифоъи Русия қаблан эълон карда буд, ки мувофиқи қарори президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8 ва 9 май ба хотири таҷлили пирӯзии мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оташбас эълон карда мешавад.
Зеленский, аз ҷониби худ, изҳор дошт, ки Украина омода аст аз нисфи шаби 6 май оташбасро риоя кунад. Дар ҳамин ҳол, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ҳамон шаб ба Ҷанкой ҳамлаипаҳподӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0