Дастури Раҳмон дар бораи паст кардани фоизи қарзҳо дар бонкҳо ва устувории пулӣ миллӣ

Раҳбари кишвар дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиш додани фоизи қарзҳои бонкҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар ба масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои дар семоҳаи якуми соли 2026 дар фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷумла раҳбари Тоҷикистон ба маъулин дастур дод, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, тамдиди муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дод.
Вай таъкид кард, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.