https://sputnik.tj/20260501/dasturi-rahmon-past-foizi-qarzho-bonkho-ustuvori-puli-milli-1077203931.html
Дастури Раҳмон дар бораи паст кардани фоизи қарзҳо дар бонкҳо ва устувории пулӣ миллӣ
Дастури Раҳмон дар бораи паст кардани фоизи қарзҳо дар бонкҳо ва устувории пулӣ миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари кишвар дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиш додани фоизи қарзҳои бонкҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур дод
2026-05-01T12:36+0500
2026-05-01T12:36+0500
2026-05-01T12:36+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
бонк
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/17/1077034300_154:89:2048:1155_1920x0_80_0_0_8be4266b97d58c20c4f7be37266747be.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар ба масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои дар семоҳаи якуми соли 2026 дар фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.Аз ҷумла раҳбари Тоҷикистон ба маъулин дастур дод, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, тамдиди муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дод.Вай таъкид кард, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.
https://sputnik.tj/20260429/rahmon-hukumat-dastur-vobastagi-voridotro-kohish-1077177874.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/17/1077034300_227:0:2048:1366_1920x0_80_0_0_0017e5767250165fc6b27ef6d389b81f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, бонк, молия, иқтисод
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, бонк, молия, иқтисод
Дастури Раҳмон дар бораи паст кардани фоизи қарзҳо дар бонкҳо ва устувории пулӣ миллӣ
Раҳбари кишвар дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиш додани фоизи қарзҳои бонкҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур дод
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар ба масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои дар семоҳаи якуми соли 2026 дар фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҷойдошта дастуру супоришҳо дод.
Аз ҷумла раҳбари Тоҷикистон ба маъулин дастур дод, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, тамдиди муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дод.
Вай таъкид кард, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.