https://sputnik.tj/20260429/rahmon-hukumat-dastur-vobastagi-voridotro-kohish-1077177874.html
Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд
Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар дар маҷлис аз ҳукумат хост рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд
2026-04-29T19:43+0500
2026-04-29T19:43+0500
2026-04-29T19:43+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иқтисод
маҷлиси ҳукумат
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077177252_330:0:2047:966_1920x0_80_0_0_dc4c8c71406b12b0fde42fd96edede3c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номид.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8% таъмин гардид.Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳаҷми боркашонӣ 14% ва мусофиркашонӣ 11% афзоиш ёфт.Раисҷумҳур илова кард, ки сатҳи таваррум 1,2%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад.Президент дар ин маҷлис истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумурд.Ба Ҳукумати кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки устувории макроиқтисодиро нигоҳ доранд ва барои пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд.“Дастур дода шуд, ки роҳбарони сохторҳои марбута истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин намуда, рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
https://sputnik.tj/20260429/rahmon-kormandon-tekhnologiya-kommunikatsiya-maosh-tayin-1077169710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077177252_228:0:2047:1364_1920x0_80_0_0_8352e875d6a6a9f390ee61fd3d747d62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, маҷлиси ҳукумат, истеҳсолот
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, маҷлиси ҳукумат, истеҳсолот
Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд
Раисҷумҳури кишвар дар маҷлис аз ҳукумат хост рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд
ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номид.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8% таъмин гардид.
“Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22% ба даст омадааст”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳаҷми боркашонӣ 14% ва мусофиркашонӣ 11% афзоиш ёфт.
Раисҷумҳур илова кард, ки сатҳи таваррум 1,2%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад.
Президент дар ин маҷлис истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумурд.
Ба Ҳукумати кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки устувории макроиқтисодиро нигоҳ доранд ва барои пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд.
“Дастур дода шуд, ки роҳбарони сохторҳои марбута истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин намуда, рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.