Дар Тоҷикистон маошу нафақа баланд шуд: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?

Ҳукумат барои таъмини маблағгузории зиёдшавии маошу стипендия ва нафақа аз ҳисоби маблағҳои буҷет беш аз 2 млрд сомонӣ иловагӣ ҷудо хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз маоши кормандони ҳокимияти давлатӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад.
Қарори дахлдорро раисҷумҳури кишвар дар оғози сол имзо кард ва ҳоло ба ҳукми амал медарояд.
Ба гузориши дафтари матбуоти президенти кишвар, он барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ қабул шудааст.
Бар асоси фармон, 1 июли соли равон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Тибқи фармон, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ 40% зиёд гардид.
Раҳмон барои кам кардани камбизоатӣ ба ҳукумат мӯҳлат дод
Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 40% зиёд карда шуд.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, таъмини маблағгузории зиёдшавии маошу стипендия ва нафақа аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.