Раҳмон барои кам кардани камбизоатӣ ба ҳукумат мӯҳлат дод

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезиденти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Обуна шудан
Президент ҳукумати Тоҷикистонро муваззаф кард, ки барои кам кардани мизони камбизоатӣ дар ҳафт соли оянда чораҳои мушаххас андешад
ДУШАНБЕ, 28 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон аз дастовардҳои кишвар, аз ҷумла коҳиши мизони камбизоатӣ гуфт.
Президент изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Дар ду даҳсолаи охир ба гуфтаи ӯ сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83% дар соли 1999 то 62% дар соли 2023 поин рафт.
Ба гуфтаи раисҷумҳур музди миёнаи меҳнат дар ин давра ду баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд шуд.
Послание президента Таджикистана парламенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2023
Президент аз рушди иқтисод гуфту, соли 2023-ро барои Тоҷикистон бобарор хонд
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар кишвар солҳои ахир муътадил нигоҳ дошта шуда соли 2023 3,8%-ро ташкил кард, ки дар натиҷаи амалигардонии тадобири зикршуда сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуд.
Барои идомаи ин раванд вай ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки ҷиҳати дар 7 соли баъдӣ то ба 10% кам кардани мизони камбизоатӣ чораҳои мушаххас андешад
“Мо ин корро карда метавонем, дар сурате, ки бо масъулияти баланд кору фаъолият намоем”
Мавсуф таъкид кард, ки барои ин зарур аст, дар соли 2024 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8% таъмин карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0