Фурсат - 60 сония: Ярмаркаҳои кишоварзӣ дар амал дар Душанбе чӣ гуна мегузаранд

Он чӣ, ки чун ташаббуси нек бобати расонидани кӯмаки озуқавории сокинони деҳот ба бошандагони шаҳр оғоз гардида буд, ба дарди сокинони пойтахт табдил ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik, Шер Алиев. Маъракаи думоҳаи армаркаҳои рӯзҳои истироҳат таҳти сарпарастии вазорати кишовазии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе ҷараён дорад ва дар ин ярмаркаҳо шаҳриён метавонанд маводҳои озуқавориро бо нархи 15-20% арзонтар аз бозор харидорӣ намоянд.
Кишоварзони минтақаҳои кишварро ҳатто вазифадор намудаанд, ки як қисми ҳосили рӯёнидаашонро барои фурӯш дар пойтахт гузоранд.
Хайр чӣ, ташаббус дар ҳақиқат ҳам нек аст, агар ҷанбаҳои иҷтимоиашро ба назар гирем. Охир, ҳар як сокини пойтахт мехоҳад сабади истеъмолиашро ба нархҳои ҷолиб пур кунад.
Дар амал бошад ҳамааш он қадар ҳам хурсандиовар нест. Ин ташаббуси зарфиятдорро "омили инсонӣ” вайрон кард.
“Ин ярмаркаҳо аз намоишкорӣ беш нестанд! Мошинҳои боркашро бо маҳсулот меоранд, мизҳоро гузошта, меваю сабзавотро базеб мечинанд. Байни қаторҳо ҳайати комиссия, журналистон мегузарад, акс мегиранд, навор мебардоранд. Чун ҳамаи ин тамом шуд ва меҳмонон рафтанд, ин ҳама зебоиро мепечонанд ва ярмарка ба поён мерасад,”- бо хашм мегӯяд сокини Душанбе Сафаралӣ Одиназода.
Маҳсулоти дастрас дар моҳи Рамазон: баргузории ярмарка дар чаҳор минтақаи Душанбе
Вазорати кишоварзӣ тавассути ВАО-и маҳаллӣ макон ва замони баргузории ин чорабиниҳоро батакрор эълон мекунад. Рӯзи истироҳати гузашта ман дар 4 ярмаркаи кишовразӣ дар ноҳияҳои гунногуни пойтахт будам.
Хайр, чӣ гӯям, ҳамааш ҳамин гуна ҳам ҳаст. Кормандони расмии баландмақом аз идораву ташкилотҳои гунногун ба кушодашавии ин чорабиниҳо меоянд, манзараи зебои баҳамоии шаҳру деҳотро мушоҳида мекунанд, дар ҳуҷҷатҳои худ бобати баргузории ярмарка қайдҳои заруриро мегузоранд ва ором майдончаро тарк мекунанд.
“Ман саҳарии рӯзи шанбе аз шафати Боғи кӯдакон мегузаштам, ба хотирам омад, ки ин ҷо бояд ярмарка-фурӯш баргузор гардад. Даромада нигоҳ кардам, ба гурӯҳи бонувон вохӯрдам. Эшон гуфтанд, ки фурӯши маҳсулот дар ярмарка соати 11:00 оғоз меёбад ва таклиф карданд, ки ҳамроҳашон интизор бошам. Лек ман қарор додам, ки ҳангоми кушодашавиаш меоям. Шумо ҳайронии маро медидед – тасаввур мекунед, соати 11:20 омада, мизҳои ярмаркаро холӣ ёфтам ва фақат як коргареро дидам, ки бо рӯдаи резинӣ майдонро об мепошид,”- бо ханда мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Наргис Маҳмадова.
Дар ҳақиқат, ҳамин гуна ҳам ҳаст - ҳамин, ки мошинҳои гаронарзиши санҷишгарон мераванд, ташкилкунандагон фармони "кифоя" - ро медиҳанд. Ва кӯҳи меваю сабзавот оҷилан ҷамъоварӣ мегардад, фургонҳо пӯшида мешаванд, ҳатто дегҳои гармро бо оши палаваш мебардоранд. Ва қатора бо неъматҳои табиат ба “зебоиҳои дур” табдил.
Воқеан, харидорони бахти баланд дошта метавонанд ягон чӣ бихаранд – фақат дар дақиқаҳои комиссия дар ин маҳал фаъолият дошта.
Ташкили ярмарка-фурӯши ангишт дар чор минтақаи вилояти Суғд
Агар мақомдорон як-ду соат дар ярмарка меистоданд ва аз ҷараёни он бодиққаттар назорат мекарданд, пас самараи он камтар назаррас мешуд.
Аммо мақомдоронро ҳам фаҳмидан мумкин: ба онҳо лозим меояд, ки дар рӯзи истироҳатии қонуниашон кор кунанд, боз ин гармии тоқатфарсо, нурҳои ултробунафш ва ноҳинҷориҳои дигар. Ана барои ҳамин ҳам мекӯшанд ин ӯҳдадориҳоро “якалоба” кунанд.
Аз ҷараёни ин ярмаркаҳо якчанд маротиба дидан намудаму як хусусиятро мушоҳида намудам. Новобаста аз он ки ташкилкунандагони ярмарка аз минтақаҳои гунногуни Тоҷикистон буданд, роҳу усули барҳамдиҳии маърака дар ҳама ҳолатҳо тамоман яксон буд.
Ҳар як иштирокчӣ тартиби печониданро медонист, ва ҳама чун як механизми хубу ҳамвор амал менамуданд. Шояд, деҳқонон пешакӣ машқ доштанд, вагарна расидан ба чунин мураттабӣ имконнопазир буд.
“Ҳосили бо заҳмату бо арақи ҷабин рӯёнидаамонро бо чунин нархҳои паст фурӯхтан фоидаовар нест. Нигаред, картошкаи покистонӣ дар бозор 6,5 сомонӣ нарх дорад, картошаи маҳаллӣ бошад 7 сомонӣ фурӯхта мешавад. Барои мо бошад нархи ниҳоии фурӯши ҳар килограмм картошкаро то 4,5 сомонӣ таъин намудаанд. Ҳамин ҳолат дар фурӯши гӯшт, сабзавоту мева низ ҷой дорад. Охир мо бояд нуриҳои минералӣ харем, ки хело қимат шудаанд,” -шарҳ медиҳад яке аз ташкилкунандагони ярмарка аз ноҳияи Нуробод.
Дар ҳар ярмарка 9 нафар соҳиби кор шуд: пешниҳоди 75 ҳазор ҷойи кори холӣ дар Тоҷикистон
Ана ҳамин гуна иқдоми моҳиятан нек сабабгори хашми душанбегиҳо гаштааст. Ҳалли муаммо, гӯё, осон аст – пурзӯр намудани назорат, тӯлонитар намудани давомнокии он.
Аммо ин ҳолат низ ба манфиатҳои деҳқонон нест – онҳо бояд дар фикри кишти оянда ва ташвишҳои бо он рабтдошта бошанд – нурӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва ғайраю ҳоказо.
Як чиз равшан аст: ташаббусро оғоз бахшиданд, вале механизмҳои амалишавии онро дар амал ба таври бояду шояд пиёда накардаанд. Ва ба ҷои кӯмаки озуқавории деҳот ба шаҳр дарди сар гирифтанд.