Ташкили ярмарка-фурӯши ангишт дар чор минтақаи вилояти Суғд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдФуры с углем в Согде
Фуры с углем в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Мақомот бо мақсади таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар фасли зимистон дар чаҳор минтақи Суғд ярмарка-фурӯши ангиштро ташкил кардааст
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ярмарка-фурӯши ангишт дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шудааст, иттилоъ додаст мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ярмарка-фурӯши ангишт дар ин минтақаҳо дар асоси дастур Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба роҳ монда шудааст.
“Мақсади асоси ин таъмин ва дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон дар фасли зимистон мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ярмарка-фурӯши ангишт рӯзҳои 28, 29 ва 30 сентябр доир шуда, сокинон бо нархи 70-80 дирамӣ метавонанд ангишт харидорӣ намоянд.
Работа коммунальных служб по подготовке к зимнему сезону  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Истихроҷи ангишт дар Суғд наздик ба як миллион тонна расидааст
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2022-2023, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозор ярмарка-фурӯши ангиштро ба роҳ мондааст.
Ба иттилои мақомот чунин ярмаркаҳо имконият медиҳанд, ки сокинон барои сипарӣ намудани зимистони имсола миқдори зарурии маводи сӯхтро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.
Лентаи хабарҳо
0