ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Раҳматулло Саъдуллоев, соҳибкор ва додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хонандагони болаёқат мактаби байналмилалии президентӣ сохтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин муассисаи навбунёд барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, ба кор дар он 75 нафар омӯзгор ҷалб шудааст.
"Таълимгоҳ нахустин мактаби байналмилалии президентӣ дар Хатлон буда, аз 3 ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад", - афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар ин муассиса ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёниятҳои таълимии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷойи нишастро аз мушкилоти аслии ин соҳаро хонда, зарурати сохтмони муассисаҳои таълимии бештар дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолиро зарур донист.
"Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд", - изҳор дошт вазир.
Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ки дар ин масъала дар баробари бахши хусусӣ ва давлат инчунин шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ низ саҳмгузорӣ хоҳад кард.