https://sputnik.tj/20220318/tojikiston-bonki-jahon-bunyod-makotib-1046889242.html
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти маорифи Тоҷикистон мегӯянд, дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолӣ ниёз ба ҷойҳои нишаст дар макотиби кишвар низ зиёд гардидааст
2022-03-18T11:20+0500
2022-03-18T11:20+0500
2022-03-18T18:55+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
сохтмон
бонки ҷаҳонӣ
куҳнавард
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102657/25/1026572534_0:55:2049:1207_1920x0_80_0_0_71d9aa93bfd28edf454bcbe9310c4bf1.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мулоқот бо Озан Севимлӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе масъалаи мактабҳои куҳна ва норасоии ҷойҳои нишастро ба миён гузошт. Тибқи иттилои Вазорати маориф, Саидзода дар ин вохӯрӣ гуфт, бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомдодаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз мушкилоте ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҳал шаванд. Ӯ яке аз мушкилоти маорифи Тоҷикистонро норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолӣ хонд. Вай изҳори умед кардааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин масъала Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Озан Севимлӣ гуфтааст, дар низоми кории Бонки Ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ маҳсуб шуда, маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд."Айни замон дар кишвар лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ" амалӣ гардида истодааст. Дар бораи лоиҳаи "Рушди бармаҳали кӯдак" бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем", - афзуд намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ. Вазорати маориф мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои рушди ҳамкорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
https://sputnik.tj/20220315/mani-bilet-kitobfurush-puljamkun-dastur-vazir-1046824163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102657/25/1026572534_112:0:1929:1363_1920x0_80_0_0_59d99bd273e393a66c475d6971cec11a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, тоҷикистон, бонки ҷаҳонӣ, мактаб, сохтмон
кумак, тоҷикистон, бонки ҷаҳонӣ, мактаб, сохтмон
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар бунёди макотиби нав кумак хост: вазир гуфт, аҳолӣ зиёд шуд
11:20 18.03.2022 (Навсозишуда: 18:55 18.03.2022) Мақомоти маорифи Тоҷикистон мегӯянд, дар пасманзари афзоиши сареи аҳолӣ ниёз ба ҷойҳои нишаст дар макотиби кишвар бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар мулоқот бо Озан Севимлӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе масъалаи мактабҳои куҳна ва норасоии ҷойҳои нишастро ба миён гузошт.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, Саидзода дар ин вохӯрӣ гуфт, бо вуҷуди корҳои зиёди анҷомдодаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз мушкилоте ҷой доранд, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҳал шаванд.
Ӯ яке аз мушкилоти маорифи Тоҷикистонро норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолӣ хонд.
"Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд", - изҳор дошт вазир.
Вай изҳори умед кардааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин масъала Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.
Озан Севимлӣ гуфтааст, дар низоми кории Бонки Ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ маҳсуб шуда, маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд.
"Айни замон дар кишвар лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ" амалӣ гардида истодааст. Дар бораи лоиҳаи "Рушди бармаҳали кӯдак" бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем", - афзуд намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ.
Вазорати маориф мегӯяд, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои рушди ҳамкорӣ тадбирҳои иловагӣ меандешанд.