https://sputnik.tj/20220321/rahmatullo-sadulloev-khatlon-maktabi-prezidenti-1046948259.html
Раҳматулло Саъдуллоев барои лаёқатмандҳо дар Хатлон мактаби байналмилалӣ сохт
Раҳматулло Саъдуллоев барои лаёқатмандҳо дар Хатлон мактаби байналмилалӣ сохт
Sputnik Тоҷикистон
Мактаби нав барои 720 нафар хонандагони болаёқат пешбинӣ гардида, беш аз 70 омӯзгор дар он ҷо ба кор ҷалб гардидаанд
2022-03-21T10:20+0500
2022-03-21T10:20+0500
2022-03-21T11:33+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
сохтмон
хатлон
ҷалолиддини балхӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040340678_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_7f7b38574b58ad13619d3e8f1648aa2b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Раҳматулло Саъдуллоев, соҳибкор ва додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хонандагони болаёқат мактаби байналмилалии президентӣ сохтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин муассисаи навбунёд барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, ба кор дар он 75 нафар омӯзгор ҷалб шудааст. "Таълимгоҳ нахустин мактаби байналмилалии президентӣ дар Хатлон буда, аз 3 ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад", - афзуд манбаъ. Таъкид шудааст, ки дар ин муассиса ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёниятҳои таълимии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷойи нишастро аз мушкилоти аслии ин соҳаро хонда, зарурати сохтмони муассисаҳои таълимии бештар дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолиро зарур донист. "Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд", - изҳор дошт вазир.Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ки дар ин масъала дар баробари бахши хусусӣ ва давлат инчунин шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ низ саҳмгузорӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220318/tojikiston-bonki-jahon-bunyod-makotib-1046889242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040340678_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_b2200b476fc343ce37a107405748ff72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саъдуллоев, хатлон, мактаб, сохтмон
саъдуллоев, хатлон, мактаб, сохтмон
Раҳматулло Саъдуллоев барои лаёқатмандҳо дар Хатлон мактаби байналмилалӣ сохт
10:20 21.03.2022 (Навсозишуда: 11:33 21.03.2022) Мактаби нав барои 720 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ гардида, беш аз 70 омӯзгор дар он ҷо ба кор ҷалб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Раҳматулло Саъдуллоев, соҳибкор ва додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои хонандагони болаёқат мактаби байналмилалии президентӣ сохтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин муассисаи навбунёд барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, ба кор дар он 75 нафар омӯзгор ҷалб шудааст.
"Таълимгоҳ нахустин мактаби байналмилалии президентӣ дар Хатлон буда, аз 3 ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад", - афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар ин муассиса ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, тамоми синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёниятҳои таълимии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ таъмин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон норасоии ҷойи нишастро аз мушкилоти аслии ин соҳаро хонда, зарурати сохтмони муассисаҳои таълимии бештар дар пасманзари афзоиши босуръати аҳолиро зарур донист.
"Айни замон муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёде аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд", - изҳор дошт вазир.
Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ки дар ин масъала дар баробари бахши хусусӣ ва давлат инчунин шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ низ саҳмгузорӣ хоҳад кард.