“Казкоммерстбонк” ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон” табдил ёфт

Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон”, ки қаблан ҳамчун “Казкоммерстбонк Тоҷикистон” ёд мешуд, иҷозатнома додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 1 июли соли равон “Казкоммерстбонк Тоҷикистон” номашро ба “Халиқ Бонк Тоҷикистон” иваз намуд.

Тавре бонки миллӣ қайд намудааст, дар асоси моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” аз 1 июли соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Халиқ Бонк Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Иқрори Бонки миллӣ: қарори Ҳукумат иҷро намешавад, фоизситониҳо ғайриқонуниянд

Бонки миллӣ фаъолияти ТАҚХ “Молия ва сармоя”-ро маҷбуран қатъ кард

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ зикр намуданд, ки мутобиқи қарори зикршуда Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Казкоммерстбонк Тоҷикистон”, ки санаи 24 декабри соли 2014 дода шуда буд, бинобар иваз шудани номгузории ташкилот аз эътибор соқит гардид.

Бонки миллӣ ба ташкилоти “БИМА” ба муҳлати боз 5 соли дигар иҷозатнома дод

Дар робита ба роҳбарияти Бонки миллӣ, ба Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид карда шавад.