ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки як қатор ширкатҳо ва соҳибкорон бар асоси шартнома бо ташкилотҳои қарзӣ тавассути терминалҳои худкор барои қабули пардохтҳо, аз ҷумла ба телефонҳо хизмат мерасонанд.
Ин ниҳод бо таассуф иқрор кардааст, ки дар фаъолияти як қатор агентҳои бонкии пардохтӣ иҷро нагардидани талаботи қонунгузорӣ, аз он ҷумла, ба муштарӣ пешниҳод нагардидани расид – “чек”, ё бар хилофи қарори Ҳукумати Тоҷикистон гирифтани фоиз ҳангоми пур кардани тавозуни симкортҳо ва ғайра ҷой дорад.
Бонки миллӣ ташкилоти қарзиро масъули риояи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби агентҳои ҷалбкардаашон хонда, таъкид намудааст, ки чораандешӣ мекунад.
“Чанде пеш, Бонки миллии Тоҷикистон бо мактуби худ аз 26 апрели соли 2019 ташкилотҳои қарзии молиявие, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ ҷалб намудаанд, вазифадор карда буд, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ, қабули ҳама гуна пардохтҳоро тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон бо додани чеки хазина таъмин намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар мавриди ошкор шудани камбудиҳо зимни пешниҳоди хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла хизматрасонии қабули маблағҳо ва ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ, нисбати ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қонун пешбинишударо татбиқ менамояд.