Қариби 30% -и меҳмонони Тоҷикистонро русиягиҳо ташкил доданд: Боз киҳо?
15:41 25.11.2026 (Навсозишуда: 15:54 25.11.2026)
Обуна шудан
Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 25 ноя-Sputnik. Сеяки хориҷиҳое, ки дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. русиягиҳо будаанд.
Шумораи русиягиҳо беш аз 513 ҳаз. нафар ё қариби 30%-и шумораи умумиро ташкил додааст, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Вале дар ҷои аввал ҳамоно. шаҳрвандони Узбекистон қарор доранд.
Вале дар ҷои аввал ҳамоно. шаҳрвандони Узбекистон қарор доранд.
Миёни хориҷиҳои воридшуда ба ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳ 842 ҳаз. нафарашон аз Ӯзбекистон ё қариби 49%-и шумораи умумиро ташкил додаанд, афзуд манбаъ.
Инчунин аз Қирғизистон 150 ҳаз, Қазоқистон - 36 ҳаз. ва Туркманистон 5 ҳаз. нафар ворид шудаанд, афзуд манбаъ.
Инчунин аз Қирғизистон 150 ҳаз, Қазоқистон - 36 ҳаз. ва Туркманистон 5 ҳаз. нафар ворид шудаанд, афзуд манбаъ.
Шумораи хориҷиҳое, ки бо аҳдофи мухталиф ба Тоҷикистон ворид шудаанд, дар нуҳмоҳаи аввали соли равон қариби 1,73 млн нафарро ташкил додааст.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 207 ҳаз. нафар ё 14% бештар мебошад, иттилоъ дод Агентии омори Тоҷикистон.
Аз шумораи умумии воридшудаҳо, беш аз 1,55 млн нафарашон ба ҳайси сайёҳ ворид гардидаанд, ки нисбати нуҳмоҳаи соли гузашта 23% ё беш аз 290 ҳаз. нафар зиёд мебошад, афзуд манбаъ.

Миёни меҳмонони Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷи дур беш аз ҳама чиниҳоянд.
Қариби 50 ҳаз. чиноӣ дар нуҳмоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки наздики 3%-и шумораи умумии хориҷиҳоро ташкил медиҳад.
Давоми январ - сентябр инчунин аз Афғонистон - қариби 20 ҳазор, ИМА - қариби 13 ҳазор, Олмон - беш аз 8 ҳазор, Эрон - беш аз 8 ҳазор, Туркия - қариби 6 ҳазор, Ҳиндустону Ҷопон - беш аз 4 ҳазор нафарӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, иттилоъ дод Агентии омори ҷумҳурӣ.

Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.
Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.