Топ 5 макони беҳтарини сайёҳии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ

© SputnikАльпийские луга Ходжа-Обигарма.
Альпийские луга Ходжа-Обигарма. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Беҳтарин хатсайрҳои гардишгарии инфиродӣ, бо оила ё бо дӯстон дар маконҳои зеботарини Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ.
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Сентябр, октябр ва аввали моҳи ноябр анъанавӣ беҳтарин муддатбарои саёҳат дар Тоҷикистон мебошанд. Гармии тоқатфарсоиофтоби тобистон ниҳоят паст мешавад, аммо рӯзона ҳанӯз хеле гарм аст, ки имкон медиҳад соатҳо сайругашт анҷом дода шавад.
Хатари сел ва сангчарх, ки аз моҳи март то қариб моҳи июл аз сабаби об шудани барфи баландкӯҳҳо идома меёбад, бешубҳа саёҳатро берун аз шаҳр халалдор намекунад ва осмони соф, ки аз хокборишҳо халос аст, ба тамошои манзараҳо мусоидат мекунад. Ва гарчанде сабзаи чаманзорҳо камтар аён аст, онро манзараи зебои баргҳои тиллоранги хазонисафедор ва чинор иваз мекунад.
Аммо ҷозибаи асосӣ кӯлҳои кӯҳии нилгун, аломати сайёҳии Тоҷикистон аст. Фаслитобистон, пиряхҳо ва барфҳои кӯҳҳозуд об мешаванд ва миқдори зиёди об ба обанборҳо ворид мешавад.
Тобистон об моддаҳои кӯҳиро шуста ранги нилгуни кӯлҳоро "тиратар" месозад. То тирамоҳ обшавӣ қариб қатъ мешавад ва оби шаффофтар, асосан оби чашмаҳо, ба обанборҳо ҷорӣ мешавад. Ин об ба кӯлҳои Тоҷикистон ранги машҳури фирӯзаранги худро медиҳад ва ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳам сокинони маҳаллиро, ки камтар ба саёҳат мераванд, шод мегардонад.
Беҳтарин маконҳои тирамоҳӣ барои саёҳатва сайёҳии фароғатӣ дар дохили кишвар - дар мақолаи Sputnik Тоҷикистон.

Искандаркӯл

© Sputnik / Стас ЭтвешОзеро Искандеркуль.
Озеро Искандеркуль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Яке аз машҳуртарин ва маъмултарин маконҳои Тоҷикистон. Баъди се соат роҳаз Душанбе ва тақрибан ҳамин қадар аз Хуҷанд, шумо ба дараи зебоманзар бо кӯҳҳои сурхранг мерасед, ки километр ба километр манзараҳои дурахшони кӯли бузурги осмонирангу бениҳоят зебо, махсусан дар рӯзи офтобии тирамоҳӣ пеши назаратон кушода мешаванд.
Рӯзҳои истироҳат ва дар мавсими сайёҳӣ, одатан дар соҳили кӯл чойхонаи яке аз осоишгоҳҳо фаъолият мекунад, аммо меҳмонони Искандаркӯл инчунин метавонанд дар соҳил ғизо омода кунанд ва аз манзараҳои аҷиб оҳиста лаззат баранд.
Аммо "кӯли Искандар" на танҳо истироҳати “танбалона” ва андешамандонаро пешниҳод месозад. Роҳи 25-дақиқаии оҳиста аз пайроҳаи танг ва санглох аз паҳлӯи дарёча, ки аз кӯл ҷорӣ мешавад, ба ҷои боз ҳам зеботаре дар ин минтақа - шаршараи калон ва пурҷӯшу хурӯш, ки аксар вақт дар таблиғот ҳамчун "Ниагараи тоҷикӣ" номида мешавад, мебарад. Ин ном хеле мувофиқ аст - ғурриши об, ки дар ҷӯйбори васеъ аз баландии қариб панҷоҳ метр мерезад, қодир аст сайёҳонро дар саҳни хурди мушоҳидавӣ, ки мустақиман дар болои шаршара ҷойгир аст на танҳо ба ҳайрат орад, балки ҳатто тарсонад.
Ва ниҳоят, манзараи ҷаззоби сеюм кӯли Мор дар наздикии он аст. Ин обанбори хурди рукуд, вале ба таври ҳайратангез соф ва шаффоф, бар хилофи Искандаркӯли хеле сард, дар фасли тобистон барои шиноварӣ қулай аст. Фасли тирамоҳ, соҳилҳои он ба шарофати шумораи зиёди дарахтони сафедор ва бедҳо, ки як ҷангалро ташкил медиҳанд, хеле зебо мешаванд, ки тамошояшоназ болои сангҳои калон ва ҳамвориимуқобил хеле гуворо аст.

Темурдара ва дараи Қаратоғ

CC BY-SA 4.0 / Akbarzoda / ТемуркӯлОзеро Тимурдара в Таджикистане.
Озеро Тимурдара в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Макони дигаре, ки бо кӯли зебои кӯҳӣ. Шояд яке аз зеботарин масирҳои кӯҳии 1-2-рӯза дар Тоҷикистон бошад. Тобистон, сайёҳон аз чаманзорҳои сабзи алпӣ, ки дар байни кӯҳҳои баланд ва барфпӯш пинҳон шудаанд, лаззат мебаранд, дар ҳоле ки фасли тирамоҳ, онҳо аз сайругашти оромона дар дара аз паҳлӯи дарёи шӯхикӯҳӣ, ки соҳилҳояш бо баргҳои зард ва сурх оро ёфтаанд, лаззат мебаранд.
Сафар аз нуқтаи фурудоӣ аз мошин то худи Темурдара кӯтоҳ нест ва 2-3 соатро дар бар мегирад. Аммо, сайёҳони пурсабрметавонанд болои сангҳо, соҳили рӯд ё дар чамнзорҳои хурд макони зебоеро пайдо кунанд, метавонанд дар он ҷо хайма гузоранд ва гулхан афрӯзанд. Ин масири якрӯза дар байни сайёҳони фаъол маъмул аст, дар ҳоле ки дигарон, ки истироҳати оромтарро афзалтар медонанд, одатан сайругашти 2-рӯзаро бо хаймаҳо интихоб мекунанд. Аммо, расидан ба то ин макони зебо тақрибан як соат роҳгардӣ дар пайроҳаи нишеб ва танги кӯҳӣ талаб мекунад, аз ин рӯ оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд ва онҳое, ки мушкилоти саломатӣ доранд, бояд ин масирро бо эҳтиёт интихоб кунанд.

Чаманзорҳои кӯҳии Хоҷа Обигарм

© SputnikПрирода Таджикистана.
Природа Таджикистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Аксари сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷии кишвар деҳаи Хоҷа Обигармро бо осоишгоҳи мешиносанд, ки дар он ҷо бо лой ва чашмаҳои шифобахш бемориҳои гуногунро табобат мекунанд. Аммо, хеле камтар одамон медонанд, ки роҳи асфалтпӯше, ки то осоишгоҳ аст, бо роҳи хокӣ давом меёбадва оғози як масири аҷиби пиёдагардӣ мебошад.
Дар ин ҷо чаманзорҳои баландкӯҳ оғоз мешаванд, ки дар тобистон ба аксҳоиистироҳатгоҳҳои Швейтсария ё таблиғоти як истеҳсолкунандаи машҳури шоколади аврупоӣ монанданд ва дар фасли тирамоҳ бо ҳавои соф ва манзараҳои хазонии зери нурҳои офтоби тирамоҳӣба кас ҳаловат мебахшанд.
Бо назардошти наздикии Хоҷа Обигарм ба пойтахт - камтар аз 1,5 соат бо мошин - ва роҳи асфалтпӯш, ки қариб то аввали масир тӯл мекашад, он эҳтимолан аз маконҳои аз ҷиҳати дастрасӣ ва манзараҳои зебо беҳтарин, аммо барои бисёриҳо номаълум аст.

Мамнӯъгоҳи табиии "Ромит"

© Sputnik / МусинВ заповеднике "Рамит".
В заповеднике Рамит. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Тақрибан 80 км дуртар аз Душанбе дараи Ромит ҷойгир аст, ки дар он қисми назарраси қаламрав мақоми мамнӯъгоҳи табиӣ дорад. Гарчанде ки рафтуо ба ин мавзеъ осон аст, аммо фаслҳои баҳор ва аввали тобистон чунин сафар хатарҳои муайян дорад: обшавии босуръати барф, сел ва ярч роҳро мебандад ва аксар вақт гузаргоҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунад. Масалан, дар соли 2023, ҳангоми фуромадани сел дар Ромит, Тамара Аҷиҷамил, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва писари ӯ, Ҳусайн, устоди варзиши бокс, фавтиданд.
Моҳҳои сентябр ва октябр, вақте ки боришот дар Тоҷикистон кам аст, дараи Ромит роҳи беҳтарин барои сафари 1-2 рӯзаи берун аз шаҳр аст. Роҳи хушк имконияти рондани мошинро дар соҳили дарё фароҳам меорад. Дар ин ҷо маконҳои мушаххас барои дамгирӣ вуҷуд надоранд, зеро қариб ҳама ҷои минтақаи Ромит соҳил ё маконҳои бисёри зебоикӯҳӣ доранд, ки дар он ҷо метавонед дам гиред ё бехатар хайма занед. Дар ин минтақаи озоди сайёҳӣ, айни замон истироҳатгоҳҳо ва урдугоҳҳои кӯдаконаи давлатӣ, инчунин хонаҳои истироҳатии хусусӣ ва меҳмонхонаҳои хурд фаъолмебошанд.
Дарёи Ромит барои дӯстдорони хӯрок як лаззати хоса аст, зеро дар ин дарё гулмоҳӣ бисёр аст ва ҳамчунин якчанд хоҷагиҳои калони моҳидорӣ фаъолият доранд, ки он ҷо метавонед мазаи моҳии болаззатро чашед.

Ҳафткӯл

© Sputnik / Амир ИсаевОзеро Маргузор
Озеро Маргузор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, кӯлҳои Марғзор (номи бузургтарин аз кӯлҳо) ҷойгиранд , ки яке аз маконҳои машҳуртарини табиии кишвар мебошанд.
Онҳо на танҳо дар байни тоҷикон, балки дар байни сайёҳони хориҷӣ низ машҳуранд. Солҳои охир сайёҳони бисёри Ӯзбекистон аз марзи наздики Панҷакент гузашта, маҳз ба тамошои кӯлҳои зебоманзари кӯҳҳои Фон меоянд.
Дар ин ҷо воқеан ҷои диданӣ аст, кӯлҳо яке дар болои дигаре ҷойгиранд ва бо манзараҳо, ранг ва андозаашон тамошобоб ҳастанд. Аз ин рӯ саёҳати ин ҷо дилгиркунанда нест ва ба як саргузашти хурд табдил меёбад, ҳар як кӯлу манзараи навбатӣ эҳсосоти нав дорад?
Ва, мисли Искандаркӯл ва Темурдара, фасли тирамоҳ роҳ ба Ҳафткӯл хушк ва бехатар мешавад ва кӯлҳо, ки фасли тобистон аз об пур мешаванд, махсусан орому зебо мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0