https://sputnik.tj/20261031/tojikiston-tavsiya-korshinos-rusiyagi-istirohat-tiramoh-1081703956.html
Сайёҳат дар Тоҷикистон: Тавсияи коршинос ба русиягиҳо барои истироҳати тирамоҳӣ
Сайёҳат дар Тоҷикистон: Тавсияи коршинос ба русиягиҳо барои истироҳати тирамоҳӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ба русиягиҳо зиёда аз 40 самти хориҷӣ бо парвози мустақими ҳавоӣ дастрас аст, ки яке аз ин самтҳо Тоҷикистон мебошад
2026-10-31T16:01+0500
2026-10-31T16:01+0500
2026-10-31T16:04+0500
дар тоҷикистон
сайёҳат
туризм
сайёҳӣ
гардишгарӣ
истироҳат
тирамоҳ
ноябр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/19/1079231201_0:216:1232:909_1920x0_80_0_0_d09b406ec311a8cf2f9839893f543ad7.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Ба русиягиҳо Тоҷикистонро барои истироҳати тирамоҳӣ тавсия доданд.Сайеҳони Русия метавонанд барои истироҳат дар идҳои моҳи ноябр зиёда аз 40 самти хориҷиро бо парвози мустақими ҳавоӣ интихоб кунанд, ки яке аз ин самтҳо Тоҷикистон мебошад.Дар ин бора, дотсенти кафедраи менеҷменти меҳмонхона ва сайеҳии Донишгоҳи иқтисодии ба номи а. Г. В. Плеханова Елена Николская гуфт.Миёни вариантҳои маъмул кишварҳои ИДМ, Ховари Миёна, Осиё ва Африқо мебошанд, гуфт, хабар медиҳад ТАСС.Коршинос қайд кард, ки аз хориҷи наздик ва ИДМ барои сафари тирамоҳӣ Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон тавсия дода мешавад.Ин дар ҳолест, ки пештар Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русиягиҳо қарор гирифт.Сентябр, октябр ва аввали моҳи ноябр анъанавӣ беҳтарин мавсим барои саёҳат дар Тоҷикистон мебошанд. Гармии тоқатфарсои офтоби тобистон ниҳоят паст мешавад, аммо рӯзона ҳанӯз хеле гарм аст, ки имкон медиҳад соатҳо сайругашт анҷом дода шавад.Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.
https://sputnik.tj/20260922/top-makon-behtarin-sayyohi-tojikiston-fasl-tiramoh-1080624101.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/19/1079231201_47:39:1206:908_1920x0_80_0_0_68e1112d97cd8be75d2a5678a15ebbe8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳат, туризм, сайёҳӣ , гардишгарӣ, истироҳат, тирамоҳ, ноябр
дар тоҷикистон, сайёҳат, туризм, сайёҳӣ , гардишгарӣ, истироҳат, тирамоҳ, ноябр
Сайёҳат дар Тоҷикистон: Тавсияи коршинос ба русиягиҳо барои истироҳати тирамоҳӣ
16:01 31.10.2026 (Навсозишуда: 16:04 31.10.2026) Ба русиягиҳо зиёда аз 40 самти хориҷӣ бо парвози мустақими ҳавоӣ дастрас аст, ки яке аз ин самтҳо Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Ба русиягиҳо Тоҷикистонро барои истироҳати тирамоҳӣ тавсия доданд.
Сайеҳони Русия метавонанд барои истироҳат дар идҳои моҳи ноябр зиёда аз 40 самти хориҷиро бо парвози мустақими ҳавоӣ интихоб кунанд, ки яке аз ин самтҳо Тоҷикистон мебошад.
Дар ин бора, дотсенти кафедраи менеҷменти меҳмонхона ва сайеҳии Донишгоҳи иқтисодии ба номи а. Г. В. Плеханова Елена Николская гуфт.
Миёни вариантҳои маъмул кишварҳои ИДМ, Ховари Миёна, Осиё ва Африқо мебошанд, гуфт, хабар медиҳад ТАСС.
"Ҳоло парвозҳои мустақим аз Русия ба 42 кишвар фаъол аст, аз ин рӯ интихоб хеле калон ва васеъ аст. Дар таътили тирамоҳӣ одатан парвозҳои мустақим ба кишварҳои Осиёи Ғарбӣ ва ИДМ зиёданд", - гуфт Николская.
Коршинос қайд кард, ки аз хориҷи наздик ва ИДМ барои сафари тирамоҳӣ Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон тавсия дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки пештар Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русиягиҳо қарор гирифт.
Сентябр, октябр ва аввали моҳи ноябр анъанавӣ беҳтарин мавсим барои саёҳат дар Тоҷикистон мебошанд. Гармии тоқатфарсои офтоби тобистон ниҳоят паст мешавад, аммо рӯзона ҳанӯз хеле гарм аст, ки имкон медиҳад соатҳо сайругашт анҷом дода шавад.
Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.
Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.