Аз бонк то мақомоти давлатӣ: низоми нави рақамӣ барои ҷустуҷӯи дороиҳои қарздорон

© Unsplash / Priscilla Du PreezРабота на компьютере.
Работа на компьютере.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Обуна шудан
Хадамоти иҷро низоми рақамиро барои суръат бахшидани иҷрои қарорҳои судӣ тақвият медиҳад. Минбаъд чӣ гуна бонкҳо ва сохторҳои давлатӣ ба низоми ягона пайваст мешаванд?
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи роҳандозии мубодилаи фаврии электронии маълумот бо бонкҳо, нотариат ва дигар сохторҳои давлатиро баррасӣ кард.
Ин иқдом метавонад раванди муайян кардани дороиҳои қарздорон ва иҷрои санадҳои судиро самараноктар гардонад.
Дар Хадамоти иҷро мизи мудаввар таҳти унвони "Имкониятҳои рақамикунонӣ ва рушди ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир" баргузор шуд.
Чорабинӣ дар доираи Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷро барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025, №654 тасдиқ шудааст, доир гардид.

Дар он намояндагони Хадамоти иҷро, Вазорати адлия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, КВД "Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул", муассисаҳои бонкӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд иштирок карданд.

Сардори Хадамоти иҷро, Аҳтам Абдуллозода рақамикунониро яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, "истифодаи технологияҳои муосир метавонад шаффофияти равандҳо ва сифати хизматрасониро беҳтар намуда, барои иҷрои саривақтии санадҳои судӣ замина фароҳам оварад".

Дар маркази муҳокимаҳо имкониятҳои Системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи Хадамоти иҷро қарор доштанд.
Подсчет налогов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2026
Мақомот гуфт, дар вилояти Суғд чанд андозсупорандаи қарздор аст
Намояндагони сохтор доир ба имкониятҳои техникӣ ва функсионалии он, автоматикунонии истеҳсолоти иҷро ва ҳамгироии система бо махзанҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ маълумот пешниҳод карданд.

Яке аз самтҳои муҳими баррасишуда мубодилаи электронии маълумот бо муассисаҳои бонкӣ ва ташкилотҳои қарзӣ буд.
Ҳамчунин, имкониятҳои истифодаи низомҳои рақамии нотариат ва бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Чунин ҳамгироӣ метавонад ба мақомоти иҷро дар муайян кардани дороиҳои қарздорон, гирифтани маълумоти зарурӣ дар муҳлати кӯтоҳ ва татбиқи самараноки чораҳои маҷбурии иҷро мусоидат намояд.
Лентаи хабарҳо
0