https://sputnik.tj/20260427/maqomot-andozsuporandagoni-qarzdor-sugd-1077119339.html
Мақомот гуфт, дар вилояти Суғд чанд андозсупорандаи қарздор аст
Мақомот гуфт, дар вилояти Суғд чанд андозсупорандаи қарздор аст
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати андози вилоят Суғд мегӯяд, ки ба унвонии қарздорон 38 ҳазору 253 адад огоҳинома ба маблағи умумии 241,9 млн сомонӣ ирсол гардидаст
2026-04-27T16:20+0500
2026-04-27T16:20+0500
2026-04-27T16:20+0500
дар тоҷикистон
андоз
суғд
қарзҳо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070287179_0:321:3070:2048_1920x0_80_0_0_84cace6c87e698bf4f1a048c11dbbc53.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бақияи қарзи андозҳо дар мақомоти ҳудудии андози вилояти Суғд, ба ҳолати 1 апрели соли 2026, маблағи умумии 275,2 млн сомониро ташкил додааст.Дар ин бора раёсати андози вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои ҳамин манебаъ, аз қарзи умумии қарзи андозҳо 53,1 млн сомониро андози иҷтимоӣ ва 222,1 млн сомониро дигар намуди андозҳо ташкил медиҳанд.Қайд карда шудааст, ки маблағҳои мавҷудаи қарзи андозҳо ба шаҳру ноҳияҳои Исфара (19,8 млн сомонӣ), Гулистон (8,9 млн сомонӣ), Конибодом (10,2 млн сомонӣ), Хуҷанд (35,2 млн сомонӣ), Панҷакент (22,5 млн сомонӣ), Истаравшан (30,3 млн сомонӣ), Бӯстон (7,1 млн сомонӣ), Истиқлол (7,3 млн сомонӣ), Айнӣ (6,6 млн сомонӣ), Ашт (15,3 млн сомонӣ), Деваштич (7,9 млн сомонӣ), Зафаробод (23,5 млн сомонӣ), Мастчоҳ (20,9 млн сомонӣ), Спитамен (11,3 млн сомонӣ), Ҷаббор Расулов 10,5 млн сомонӣ), Бобоҷон Ғафуров (33,4 млн сомонӣ), Кӯҳистони Мастчоҳ (2,8 млн сомонӣ ва Шаҳристон як млн сомонӣ рост меоянд.Таъкид шудааст, ки шумораи андозсупорандагони қарздор ба ҳолати 1 апрели соли 2026 ҳамагӣ 30735 ададро дар бар гирифтааст.Раёсати андози вилояти Суғд қайд намудааст, ки дар давоми се моҳи соли равон ба унвонии қарздорон 38 ҳазору 253 адад огоҳинома ба маблағи умумии 241,9 млн сомонӣ ирсол гардидаст. Аз ин ҳисоб 197,6 млн сомонӣ ба буҷет рӯёнида шудааст, ки 81,7%-ро ташкил медиҳад.“Аз шумораи умумии огоҳиномаҳои ирсолгардида, 8 ҳазору 6 адад ба маблағи 198,0 млн сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 30 ҳазору 247 адад ба маблағи 43,9 млн сомонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ рост меояд”, - қайд кардааст манбаъ.Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки дар се моҳи соли 2026 бино бар аз ҷониби андозсупорандагон сари вақт таъмин карданашудани уҳдадориҳои андозӣ нисбати 1945 андозсупоранда 2477 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 94,3 млн сомонӣ қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудааст.Аз ҳисоби қарорҳои қабулшуда дар ин давра маблағи 57,4 млн сомонӣ ворид гардида, иҷрои 1613 адади он ба маблағи 33,1 млн сомонӣ пурра таъмин гардидааст.Ҳамзамон, аз ҳисоби 862 адад қарори иҷронагардидаи солҳои қаблӣ, ки маблағи рӯёниданашудаи онҳо 33,9 млн сомониро ташкил менамуд, дар се моҳи соли ҷорӣ 9,2 млн сомонӣ қарзи андозҳо ситонида шуда, иҷрои 345 адад қарор пурра таъмин гардидааст.Раёсати андоз зикр кардааст, ки бо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо воридоти маблағ ба буҷа зиёд гардидааст.Вобаста ба намудҳои алоҳидаи қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, аз 2477 адад қарори дар 3 моҳи аввали соли 2026 қабулшуда 261 адад дар бораи боздошти амалиётҳои хароҷотии суратҳисоби бонкӣ, 89 адад - маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулк, 726 адад - ситонидани қарз аз суратҳисоби бонкӣ, 7 адад - ситонидани қарз бо роҳи ҳабси молу мулк ва 1394 адад ситонидан аз пули нақдро дар бар мегиранд.Раёсати андози вилояти Суғд қайд кардааст, ки барои рафъи камбудиҳо дар семоҳаи дуюм ва давраҳои минбаъда, ҷиҳати кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
https://sputnik.tj/20260214/buja-davlat-hisob-andoz-mablagh-vorid-1075264889.html
https://sputnik.tj/20260208/dodsitoni-sababi-asosi-sarkashi-andoz-khatlonro-1075119106.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/16/1070287179_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_be624245128cbf24584eb73cbd5c615e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, андоз, суғд, қарзҳо, иқтисод
дар тоҷикистон, андоз, суғд, қарзҳо, иқтисод
Мақомот гуфт, дар вилояти Суғд чанд андозсупорандаи қарздор аст
Раёсати андози вилоят Суғд мегӯяд, ки ба унвонии қарздорон 38 ҳазору 253 адад огоҳинома ба маблағи умумии 241,9 млн сомонӣ ирсол гардидаст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бақияи қарзи андозҳо дар мақомоти ҳудудии андози вилояти Суғд, ба ҳолати 1 апрели соли 2026, маблағи умумии 275,2 млн сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора раёсати андози вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин манебаъ, аз қарзи умумии қарзи андозҳо 53,1 млн сомониро андози иҷтимоӣ ва 222,1 млн сомониро дигар намуди андозҳо ташкил медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки маблағҳои мавҷудаи қарзи андозҳо ба шаҳру ноҳияҳои Исфара (19,8 млн сомонӣ), Гулистон (8,9 млн сомонӣ), Конибодом (10,2 млн сомонӣ), Хуҷанд (35,2 млн сомонӣ), Панҷакент (22,5 млн сомонӣ), Истаравшан (30,3 млн сомонӣ), Бӯстон (7,1 млн сомонӣ), Истиқлол (7,3 млн сомонӣ), Айнӣ (6,6 млн сомонӣ), Ашт (15,3 млн сомонӣ), Деваштич (7,9 млн сомонӣ), Зафаробод (23,5 млн сомонӣ), Мастчоҳ (20,9 млн сомонӣ), Спитамен (11,3 млн сомонӣ), Ҷаббор Расулов 10,5 млн сомонӣ), Бобоҷон Ғафуров (33,4 млн сомонӣ), Кӯҳистони Мастчоҳ (2,8 млн сомонӣ ва Шаҳристон як млн сомонӣ рост меоянд.
Таъкид шудааст, ки шумораи андозсупорандагони қарздор ба ҳолати 1 апрели соли 2026 ҳамагӣ 30735 ададро дар бар гирифтааст.
Раёсати андози вилояти Суғд қайд намудааст, ки дар давоми се моҳи соли равон ба унвонии қарздорон 38 ҳазору 253 адад огоҳинома ба маблағи умумии 241,9 млн сомонӣ ирсол гардидаст. Аз ин ҳисоб 197,6 млн сомонӣ ба буҷет рӯёнида шудааст, ки 81,7%-ро ташкил медиҳад.
“Аз шумораи умумии огоҳиномаҳои ирсолгардида, 8 ҳазору 6 адад ба маблағи 198,0 млн сомонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва 30 ҳазору 247 адад ба маблағи 43,9 млн сомонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ рост меояд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки дар се моҳи соли 2026 бино бар аз ҷониби андозсупорандагон сари вақт таъмин карданашудани уҳдадориҳои андозӣ нисбати 1945 андозсупоранда 2477 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 94,3 млн сомонӣ қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Аз ҳисоби қарорҳои қабулшуда дар ин давра маблағи 57,4 млн сомонӣ ворид гардида, иҷрои 1613 адади он ба маблағи 33,1 млн сомонӣ пурра таъмин гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҳисоби 862 адад қарори иҷронагардидаи солҳои қаблӣ, ки маблағи рӯёниданашудаи онҳо 33,9 млн сомониро ташкил менамуд, дар се моҳи соли ҷорӣ 9,2 млн сомонӣ қарзи андозҳо ситонида шуда, иҷрои 345 адад қарор пурра таъмин гардидааст.
Раёсати андоз зикр кардааст, ки бо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо воридоти маблағ ба буҷа зиёд гардидааст.
Вобаста ба намудҳои алоҳидаи қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, аз 2477 адад қарори дар 3 моҳи аввали соли 2026 қабулшуда 261 адад дар бораи боздошти амалиётҳои хароҷотии суратҳисоби бонкӣ, 89 адад - маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулк, 726 адад - ситонидани қарз аз суратҳисоби бонкӣ, 7 адад - ситонидани қарз бо роҳи ҳабси молу мулк ва 1394 адад ситонидан аз пули нақдро дар бар мегиранд.
Раёсати андози вилояти Суғд қайд кардааст, ки барои рафъи камбудиҳо дар семоҳаи дуюм ва давраҳои минбаъда, ҷиҳати кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.