https://sputnik.tj/20261123/sughd-qarib-64-hazor-joy-nav-kor-tasis-1082484889.html
Дар Суғд қариб 64 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт
Дар Суғд қариб 64 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи ҷойҳои кории таъсисдодаи корхонаҳо 25 фоиз афзуда, бештари онҳо дар саноати коркард ба вуҷуд омадаанд 23.11.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-11-23T19:28+0500
2026-11-23T19:28+0500
2026-11-23T19:28+0500
суғд
таъсиси ҷойҳои нави корӣ
сохтмон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065153945_0:133:1280:853_1920x0_80_0_0_bd11e279c1398cdb30acd62d93492f54.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 63,9 ҳазор ҷойи кории нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд. Дар ин бора омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод кард.Дар ҳамин давра 9,9 ҳазор ҷойи корӣ барҳам дода шуд. Ҳамин тариқ, фарқи байни ҷойҳои кории таъсисёфта ва барҳамхӯрда 54 ҳазорро ташкил медиҳад.Шахсони ҳуқуқӣ 12,3 ҳазор ҷойи корӣ таъсис доданд, ки 81 фоизи онҳо доимӣ мебошанд. Шумораи ҷойҳои кории корхонаю ташкилотҳо нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Бештари ҷойҳои корӣ дар саноати коркард 2698, сохтмон 1603, кишоварзӣ 1233 ва саноати истихроҷ 1098 ба вуҷуд омаданд.Шахсони воқеӣ 51,6 ҳазор ҷойи корӣ таъсис доданд, ки 7 фоиз бештар аз соли гузашта аст. Қисми зиёди онҳо ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ рост меояд.Шумораи ҷойҳои холии кории эълоншуда дар корхонаҳо 12 фоиз афзуда, ба 4,6 ҳазор расид. Ба омӯзиши касбӣ 4,7 ҳазор нафар бекорони расман бақайдгирифта фиристода шуданд, ки 38 фоиз бештар аз соли гузашта аст. Сатҳи бекории расмӣ дар вилоят 0,7 фоизи қувваи кориро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20261120/istehsol-mahsulot-sanoat-sughd-35-mlrd-somon-rasid-1082370097.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065153945_55:0:1192:853_1920x0_80_0_0_a2d6fd4d0663d627443b2b4859544ac4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмон, саноат
суғд, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмон, саноат
Дар Суғд қариб 64 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт
Шумораи ҷойҳои кории таъсисдодаи корхонаҳо 25 фоиз афзуда, бештари онҳо дар саноати коркард ба вуҷуд омадаанд
ДУШАНБЕ, 23 ноя- Sputnik. Аз аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 63,9 ҳазор ҷойи кории нав, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шуд.
Дар ин бора омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод кард.
Дар ҳамин давра 9,9 ҳазор ҷойи корӣ барҳам дода шуд.
Ҳамин тариқ, фарқи байни ҷойҳои кории таъсисёфта ва барҳамхӯрда 54 ҳазорро ташкил медиҳад.
Шахсони ҳуқуқӣ 12,3 ҳазор ҷойи корӣ таъсис доданд, ки 81 фоизи онҳо доимӣ мебошанд. Шумораи ҷойҳои кории корхонаю ташкилотҳо нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст.
Бештари ҷойҳои корӣ дар саноати коркард 2698, сохтмон 1603, кишоварзӣ 1233 ва саноати истихроҷ 1098 ба вуҷуд омаданд.
Шахсони воқеӣ 51,6 ҳазор ҷойи корӣ таъсис доданд, ки 7 фоиз бештар аз соли гузашта аст. Қисми зиёди онҳо ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ рост меояд.
Шумораи ҷойҳои холии кории эълоншуда дар корхонаҳо 12 фоиз афзуда, ба 4,6 ҳазор расид.
Ба омӯзиши касбӣ 4,7 ҳазор нафар бекорони расман бақайдгирифта фиристода шуданд, ки 38 фоиз бештар аз соли гузашта аст.
Сатҳи бекории расмӣ дар вилоят 0,7 фоизи қувваи кориро ташкил медиҳад.