Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд қариб ба 35 млрд сомонӣ расид
09:42 20.11.2026 (Навсозишуда: 13:16 20.11.2026)

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Суғд 7% афзудааст ва соҳаи саноати коркард натиҷаи беҳтаринро ба даст овардааст
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Дар давраи январ–октябри соли 2026 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд, бо дарназардошти барқ, газ ва об, наздики 35 млн сомониро ташкил дод.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% зиёд аст.
Дар ин бора, маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилооъ дод.
Тибқи маълумот саноати коркард бо 18 469,9 млн сомонӣ ё ба андозаи 120 % нисбат ба давраи соли гузашта ҷойи асосиро ишғол мекунад.
Тибқи маълумот саноати коркард бо 18 469,9 млн сомонӣ ё ба андозаи 120 % нисбат ба давраи соли гузашта ҷойи асосиро ишғол мекунад.
Дар байни соҳаҳои коркард истеҳсоли маҳсулоти хӯрока бо 6 132,7 млн сомонӣ баробари 109 %, истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ бо 1 631,7 млн сомонӣ баробари 138,1% ва истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ бо 935,2 млн сомонӣ баробари 119,7% афзоиш ёфтаанд.
Саноати истихроҷ дар ин давра 13 402,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба соли гузашта 97,9%-ро ташкил медиҳад.
Саноати истихроҷ дар ин давра 13 402,1 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба соли гузашта 97,9%-ро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, истихроҷи ангишт 692,2 млн сомонӣ баробари 138,5% ва истихроҷи маъданҳои металлӣ 12 639,1 млн сомонӣ баробари 96,6%ро ташкил доданд.
Ҳамзамон, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавои кондитсионерӣ ба 2 662,1 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба давраи муқоисавӣ 121,0%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, таъминоти барқ, газ, буғ ва ҳавои кондитсионерӣ ба 2 662,1 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба давраи муқоисавӣ 121,0%-ро ташкил медиҳад.
