https://sputnik.tj/20261121/hajmi-korkardi-naft-dar-tojikiston-dar-soli-2026-afzoish-yoftaast--1082431184.html
Ҳаҷми коркарди нафт дар Тоҷикистон дар соли 2026 афзоиш ёфтааст
Ҳаҷми коркарди нафт дар Тоҷикистон дар соли 2026 афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта давоми соли 2026 бештар нафт истеҳсол кардааст
2026-11-21T13:27+0500
2026-11-21T13:27+0500
2026-11-21T13:27+0500
бозори нафт
нафт
истеҳсолот
саноат
далер ҷумъа
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076586415_0:83:3072:1811_1920x0_80_0_0_83d101ec1d111713b8d8ca0d7334289b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Давоми даҳ моҳи соли 2026 коркарди нафт дар Тоҷикистон ба 15 139 тонна расидааст.Ин нишондиҳанда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 547,6 тонна зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Тоҷикистон.Ин додаҳо, дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи техникии корхонаҳои коркарди нафти МОИ "Данғара" ва ҶДММ "Капитал", таҳти раёсати вазири энергетика Далер Ҷумъа ироа шудаанд.Зикр шуда, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 1,8 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи тақрибан 2 млрд доллар ворид карда мешавад.Тоҷикистон асосан аз ду кишвари АвруОсиё - Русия ва Қазоқистон маҳсулоти нафтиро ворид мекунад.Дар худи ҷумҳурӣ 13 корхонаи коркарди нафт мавҷуд буда, айни замон танҳо 6 корхона фаъолият доранд.Дар ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, омодагии корхонаҳо барои коркарди нафти хом, инчунин имкониятҳои воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар ва ҷанбаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, гумрукӣ ва логистикии он баррасӣ шудааст.Таъкид гардида, ки таъмини мунтазами корхонаҳо бо нафти хом ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр мусоидат намояд.Дар ин замина, ба масъулин ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дастурҳо дода шудаанд.Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон боҷи воридотии нафту маҳсулоти нафтӣ ва газро то охири соли равон бекор кард. Ҳадаф аз ин чораандешӣ таъмини бозори дохилӣ хонда мешавад.
https://sputnik.tj/20261116/tojikiston-boj-voridoti-naftu-gaz-okhir-soli-bekor-1082201740.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076586415_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a347742a30eb615f6298400a51b50ff9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозори нафт, нафт, истеҳсолот, саноат, далер ҷумъа, вазорати энергетика ва захираҳои об
бозори нафт, нафт, истеҳсолот, саноат, далер ҷумъа, вазорати энергетика ва захираҳои об
Ҳаҷми коркарди нафт дар Тоҷикистон дар соли 2026 афзоиш ёфтааст
Новобаста аз он, ки на ҳама корхонаҳои коркарди нафт фаъол ҳастанд, Тоҷикистон дар қиёс бо соли гузашта давоми соли 2026 бештар нафт истеҳсол кардааст
ДУШАНБЕ, 21 ноя - Sputnik. Давоми даҳ моҳи соли 2026 коркарди нафт дар Тоҷикистон ба 15 139 тонна расидааст.
Ин нишондиҳанда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 547,6 тонна зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Тоҷикистон.
Ин додаҳо, дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи техникии корхонаҳои коркарди нафти МОИ "Данғара" ва ҶДММ "Капитал", таҳти раёсати вазири энергетика Далер Ҷумъа ироа шудаанд.
Зикр шуда, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 1,8 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи тақрибан 2 млрд доллар ворид карда мешавад.
Тоҷикистон асосан аз ду кишвари АвруОсиё - Русия ва Қазоқистон маҳсулоти нафтиро ворид мекунад.
Дар худи ҷумҳурӣ 13 корхонаи коркарди нафт мавҷуд буда, айни замон танҳо 6 корхона фаъолият доранд.
Дар ҷаласа ҳамчунин, масъалаҳои барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, омодагии корхонаҳо барои коркарди нафти хом, инчунин имкониятҳои воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар ва ҷанбаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, гумрукӣ ва логистикии он баррасӣ шудааст.
Таъкид гардида, ки таъмини мунтазами корхонаҳо бо нафти хом ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр мусоидат намояд.
Дар ин замина, ба масъулин ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дастурҳо дода шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон боҷи воридотии нафту маҳсулоти нафтӣ ва газро то охири соли равон бекор кард. Ҳадаф аз ин чораандешӣ таъмини бозори дохилӣ хонда мешавад.