Тоҷикистон боҷи воридотии нафту газро то охири соли равон бекор кард

© Sputnik / Илья Наймушин
Обуна шудан
Дар пайи ин чораандешии ҳукумат, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон тамоюли арзоншавии маводи сӯхт сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Тоҷикистон боҷи воридотии нафту маҳсулоти нафтӣ ва газро то охири соли равон бекор кард.
Ҳадаф аз ин чораандешӣ таъмини бозори дохилӣ хонда мешавад.
"Нисбат ба молҳои таҳти рамзҳои молии 2710 ва 2711 таснифшаванда, ки аз давлатҳое ворид карда мешаванд, ки аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод намебошанд, меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ то 31 декабри соли 2026 татбиқ карда мешавад", - омадааст дар қарори ҳукумат, ки ахиран нашр шуд.
Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои узви ИИАО, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон узви ин Шартнома мебошанд ва воридот аз онҳо умдатан бе пардохти боҷ сурат мегирифт.
Аз миёни кишварҳои минтақа, ба ин шартнома, Туркманистон ва Озарбойҷон ворид нестанд.
Дар пайи ин чораандешӣ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон тамоюли арзоншавии маводи сӯхт сабт шудааст.
Литри бензин дар Душанбе бо нархи тақрибан 15,3 сомонӣ пешниҳод шудааст, ки чанд рӯз қабл ин нишондиҳанда ҳудуди 15,8 - 16 сомонӣ буд, иттилоъ додаанд корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар пайи мушкилоти ахир вобаста ба воридот, Тоҷикистон мехоҳад бозори воридотии сӯзишворияшро гуногунсамт гардонад.
Литри бензин дар Душанбе бо нархи тақрибан 15,3 сомонӣ пешниҳод шудааст, ки чанд рӯз қабл ин нишондиҳанда ҳудуди 15,8 - 16 сомонӣ буд, иттилоъ додаанд корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Дар пайи мушкилоти ахир вобаста ба воридот, Тоҷикистон мехоҳад бозори воридотии сӯзишворияшро гуногунсамт гардонад.
Бар асоси додаҳои гумрукӣ, ки дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифтааст, аз моҳи январ то сентябри соли 2026, ҳашт таъминкунандаи хориҷии ҷадид зоҳир шудаанд, ки дар ҷадвали ҳамин давраи соли 2025 ҳузур надоштанд
Бино бар маълумоти расмӣ, Тоҷикистон аз Ироқ 5,87 тон, Ҷумҳурии Озарбойҷон 1, 56 тон фаровардаи нафтӣ ворид кардааст. Ҳамчунин аз Булғористон 217,9 тон, Руминия 129,6 тон, Арабистони Саудӣ 78,3 тон маҳслот ворид шудааст.
Дар байни манбаъҳои нав Панама бо воридоти 17,2 тон, Самоаи Шарқии Амрико 7,9 тон ва Афғонистон 0,6 тон низ қарор доранд. Ҳаҷми маҷмӯи воридот аз ин мабодӣ 7, 89 тон ба арзиши 8,6 миллион доллар буд; мутавассити арзиши ҳар тон ҳудуди 1 ҳазор доллар аст.
Ин кишварҳо дар чорчӯби муқоисаи ду ҷадвал, масирҳои ҷадиди таъмин ба шумор мераванд. Бо ин ҳол, аз ин додаҳо наметавон мушаххас кард, ки воридот аз онҳо барои нахустин бор дар таърих сурат гирифта аст ё на.
Кишварҳои аслии ҷадид, Ироқ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳастанд. Ин ду дар маҷмӯъ 94,3 дарсади ҳаҷм ва 91,4 дарсади арзиши воридот аз гурӯҳи ҷадиди таъминкунандагонро ташкил доданд.
