Далер Ҷумъа: Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун қариб 70% иҷро гардид

© Foto / ОАО "Рогунская ГЭС"
Обуна шудан
Вазири энергетика Далер Ҷумъа дар Маҷлиси намояндагон оид ба вазъи кунунӣ, натиҷаҳои фаъолият, дурнамои рушди соҳаи энергетика гузориш дод
ДУШАНБЕ, 13 ноябр — Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун қариб 70% иҷро гардидааст, гуфт вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа.
Бино ба иттилои вазир, татбиқи лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3780 мегаватт барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
"Айни замон корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ қариб 70% иҷро гардида, ба истифода додани агрегати сеюм моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 пешбинӣ шудааст", - гуфт Далер Ҷумъа.
Ҳамчунин бино ба иттилои вазир, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар, 37 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 30 млрд сомонӣ амалӣ гардида, айни замон татбиқи 20 лоиҳаи дигар бо маблағи 23 млрд сомонӣ идома дорад.
Дар натиҷаи бунёди беш аз 2300 мегаватт иқтидорҳои нав иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар ба зиёда аз 6700 мегаватт расонида шудааст. Истеҳсоли энергияи барқ бошад, аз 17,4 млрд киловатт-соати соли 1991 дар соли 2025 ба 24 млрд киловатт-соат расидааст, афзуд вазир.
Дар баробари сохтмони иншооти нав, таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда низ амалӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар натиҷаи таҷдиди се агрегати Неругоҳи барқи обии "Норак" иқтидори он 120 мегаватт зиёд гардида, пас аз анҷоми пурраи корҳои навсозӣ дар соли 2031 иқтидори неругоҳ ба 3375 мегаватт расонида мешавад.
Ҳамчунин, дар натиҷаи таҷдиди неругоҳҳои "Қайроққум", "Сарбанд" ва "Варзоб-1" иқтидорҳои истеҳсолии онҳо афзоиш ёфтаанд.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас пайваста ба таъхир меафтод.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар он маросим ширкат кард.
Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.
Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.
Мақомот нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.
Мақомот нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.
Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии барқ дар фасли зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти энергия ва афзоиши иқтидори содиротии энергияи Тоҷикистон мусоидат кунад.
Айни замон нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад; аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмӣ соли 2019 ба кор андохта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати энергетика, онҳо дар соли 2024 беш аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ тавлид карданд.

