Маълум шуд, чанд коргари нерӯгоҳи Роғунро занон ташкил медиҳанд

© Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2026
Обуна шудан
Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун, ки бузургтарин тарҳи энергетии Тоҷикистон ба шумор меравад, бояд то соли 2035 ба анҷом расад
ДУШАНБЕ, 1 ноя- Sputnik. Дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун 22 ҳаз. нафар кор мекунанд, ки беш аз ҳазор нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар ин бора, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба хабарнигори Spupnik Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гуфтаи Исмоилзода, наздики 2 ҳаз. мутахассис намояндагони 40 кишвари дунё мебошанд.
"Дар ин иншооти азим ҳудуди 22 ҳаз. коргар фаъолият дошта 4 ҳаз. техника ба кор бурда мешавад. Беш аз ҳазор нафари кормандонро занон ташкил медиҳанд", - гуфт Исмоилзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин омор дар паи сафари гурӯҳи журналистони тоҷик, аз манотиқи гуногуни кишвар ба нерӯгоҳи Роғун, дастрас шудааст. Имсол 20 рӯзноманигор барои инъикоси рафти кору фаъолияти тарҳи муҳимтарини энергетикии Тоҷикистон, ба Роғун сафар кардаанд.
Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун, ки бузургтарин тарҳи энергетии Тоҷикистон ба шумор меравад, бояд то соли 2035 ба анҷом расад.

Сохтмони Роғун дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз ёфт, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани корҳо чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас пайваста ба таъхир меафтод.
Строительство Рогунской ГЭС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2026
Раҳмон гуфт кай чархаи 4-и неругоҳи "Роғун" ба истифода дода мешавад
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун расман соли 2016 аз нав оғоз ёфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар он маросим ширкат кард.
Тибқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи барқи обӣ 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки онро баландтарин сарбанди пур аз санг дар ҷаҳон мегардонад. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, пас аз ба кор андохтани шаш агрегати он, 3,6 ГВт хоҳад буд, ки онро бузургтарин дар Осиёи Марказӣ мегардонад.
Мақомот нақша доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як маҷмааи бисёрмақсади гидроэнергетикӣ, аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва рафъи хушксолӣ, истифода баранд.
Интизор меравад, ки ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ барои ҳалли мушкилоти норасоии барқ ​​дар фасли зимистон, аз байн бурдани маҳдудияти энергия ва афзоиши иқтидори содиротии энергияи Тоҷикистон мусоидат кунад.
Айни замон нерӯгоҳи барқи обӣ ду агрегат дорад; аввалин агрегат 9 сентябри соли 2018 ва дуюмӣ соли 2019 ба кор андохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0