Қазоқистон ният дорад, ки аз НБО "Роғун" барқ харад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкОткрытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2026
Обуна шудан
Чунин таъминот барои давраҳое баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон ба нерӯи барқи иловагӣ ниёз дорад, гуфт вазири қазоқ
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Қазоқистон ният дорад, ки дар оянда аз барқи НБО "Роғун"-ро харидорӣ кунад.
Ин масъаларо ҳоло Остона баррасӣ мекунад, гуфт Ерлан Аккенженов, вазири энергетикаи Қазоқистон.
Ӯ бо ишора ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самти обу энергетика ба муҳиммияти сохтмони "Роғун" таъкир кард.
Ба гуфтаи вай нерӯгоҳ дар баробари истеҳсоли барқ, ҳамчунин обанбор аст, ки дар фасҳои зарурӣ кишварҳои поинобро бо об таъмин мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, ҷонибҳо созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро имзо карданд.
Атырауский нефтеперерабатывающий завод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2026
Тоҷикистон аз Қазоқтстон то охири сол 40 ҳазор тонна бензин мехарад
Ба гуфтаи вазири энергетикаи Қазоқистон Эрлан Аккенженов, яке аз самтҳои умедбахши ҳамкорӣ харидории нерӯи барқи тавлидшуда аз ҷониби Қазоқистон аз ҷониби нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон мебошад.
Чунин таъминот барои давраҳое баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон ба нерӯи барқи иловагӣ ниёз дорад.
Самти дигари муҳим пайваст кардани Тоҷикистон ба фаъолияти мувозии шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба гуфтаи вай, ҷумҳурӣ айни замон барои пайваст шудан ба хатҳои барқи Ӯзбекистон кор мекунад ва дар оянда ҳамгироии он ба шабакаи ягонаи барқи минтақа баррасӣ мешавад.
Вай таъкид кард, ки ҳамкории энергетикӣ байни ду кишвар на танҳо барои шарикии дуҷониба, балки барои тақвияти робитаҳои энергетикӣ дар саросари Осиёи Марказӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0