Панелҳои офтобӣ ва чароғҳои LED: Тавсияҳои Вазорат барои сарфаи қувваи барқ

Солнечная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Дар арафаи фасли сармо, ки камбуди барқ дар навоҳии Тоҷикистон боз дубора фарогир мешавад, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ роҳҳои сарфаи нерӯро нишон дод
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Вазорати энергетикаи Тоҷикистон барои сарфа кардани қувваи барқ ба сокинон тавсияҳоро пешниҳод кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати энергетика, сарфаи энергия маънои танҳо кам кардани ҳаҷми истеъмоли неруи барқро надорад.
Он пеш аз ҳама, истифодаи мақсадноки ҳар як воҳиди энергия, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ ва маиширо дар бар мегирад, таъкид кардааст Вазорат.
Sputnik Тоҷикистон тавсияҳои Вазоратро бароятон рӯи як тасвирбаён гирд овардааст.
© SputnikИстифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ: тавсияҳои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон
Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ: тавсияҳои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ: тавсияҳои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон
Ҳамин тавр, Вазорат ба мардуми Тоҷикистон тавсия дода, ки барои сарфаи нерӯи барқ аз истифодаи таҷҳизоти худсохт худдорӣ намуда, бештар аз ласпаҳои LED ва панелҳои офтобӣ истифода баранд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки чанг қариби сеяки нури чароғро мегирад. Барои ҳамин мунтазам тоза кардани чароғҳо аз чанг тавсия дода шудааст.
Дар баробари ин Вазорат таъкид карда, ки ба ҳеҷ ваҷҳ таҷҳизоти барқии фаъолро бе назорат нагузаоред. Истифодаи таҷҳизоти синфи А 3 ва чароғҳои каммасраф аз тавсияҳои дигари Вазорат мебошад.
Ҳамчунин ин ниҳод ҳушдор дода, ки ба шабака пайваст мондани асбобҳои барқӣ, хусусан дар сурати носозӣ, метавонад боиси расиши кӯтоҳ ва сар задани сӯхтор гардад.

Ҳамзамон, бо ҷудо кардани асбобҳое, ки дар реҷаи интизорӣ барқ истеъмол мекунанд, метавонед хароҷоти неруи барқро коҳиш диҳед, афзуданд дар Вазорат.

Дар Тоҷикистон масъалаи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ дар доираи сиёсати давлатӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқии амалкунанда танзим мегардад.
Солнечные панели на крыше жилого дома.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Дар Тоҷикистон се тарҳи намунавӣ барои насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо таҳия шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ дар ин самт ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ замина фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0