Дар Тоҷикистон се тарҳи намунавӣ барои насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо таҳия шуд

© Unsplash / Joshua BowersСолнечные панели на крыше жилого дома.
Солнечные панели на крыше жилого дома.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Обуна шудан
Мақомот тарҳҳои насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматиро дар ҳамкори бо як ширкат Ватанӣ таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати "Системавтоматика" ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" тарҳҳои намунавии неругоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Таррҳо вобаста ба иқтидори таҷҳизот ва хусусиятҳои макон таҳияи шуда се варианти ҷойгиркунии панелҳои офтобиро пешниҳод мекунанд.
🔹 5 кВт – барои насб дар боми хонаи истиқоматӣ;
🔹 15 кВт – барои насб дар боми ҳамвори хонаи истиқоматӣ;
🔹 15 кВт – барои насб дар қитъаи замини назди хонаи истиқоматӣ.
© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов Республики ТаджикистанМинистерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с АО "Системавтоматика" и проектным институтом "Нурофар" разработало типовые проекты систем солнечной энергетики для жилых домов.
Типовой проект систем солнечных панелей 15 кВт — для установки на земельном участке при жилом доме. - Sputnik Тоҷикистон
1/3
© FotoМинистерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с АО "Системавтоматика" и проектным институтом "Нурофар" разработало типовые проекты систем солнечной энергетики для жилых домов.
Типовой проект систем солнечных панелей 15 кВт — для установки на плоской крыше жилого дома. - Sputnik Тоҷикистон
2/3
© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов Республики ТаджикистанМинистерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с АО "Системавтоматика" и проектным институтом "Нурофар" разработало типовые проекты систем солнечной энергетики для жилых домов.
Типовой проект систем солнечных панелей 5 кВт — для установки на крыше жилого дома. - Sputnik Тоҷикистон
3/3
1/3
2/3
3/3
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об тарҳҳои мазкур барои насби неругоҳҳои барқи офтобӣ ва талаботи лоиҳавию техникии онҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон истифода ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳо ва хонаҳои истиқоматӣ таҳти таваҷҷӯҳи давлат ва бо талаботи қонунгузорӣ роҳандозӣ шудааст.
Ветряная электростанция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2026
Ифтитоҳи ду нерӯгоҳи бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ
Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон 25 ноябри соли 2025 Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур дод, ки масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳангсозии онҳоро бо шабакаҳои барқии кишвар омӯзанд.
Ҳамчунин барои дастгирии соҳа, воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда шудааст. Инчунин, биноҳое, ки панелҳои офтобӣ бо иқтидори на камтар аз 0,1 МВт доранд, барои 5 сол аз андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд.
Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 280–330 рӯзи офтобӣ дар сол дорад, ки барои истеҳсоли қувваи барқи офтобӣ шароити бениҳоят мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0