Муаррифии нишонаи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар ИДМ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ

© Foto / Вазорати адлияи ҶТВазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён
Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Соли 2027 соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ эълон шуд ва созишномаҳои ҳамкорӣ байни мақомоти адлия дар чаласаи бистум дар шаҳри Ереван имзо гардид
ДУШАНБЕ, 11 ноябр — Sputnik. Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён дар чаласаи Ереван байни ҳамтоёни худ нишонаи (логотипи) "Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027"-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти заминавии кишварҳои аъзои ИДМ дар самти фаъолияти нотариалӣ таҳия гардидааст, муаррифӣ намуд.
Бо қарори ШӮрои вазирони адлияи кишварҳои аъзои ИДМ соли 2027 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид.
Рамзи Шурои вазирони адлияи давлатҳои Иттиҳод, нишонаи (логотип) "Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027" кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2027 тасдиқ гардид.
Музаффар Ашуриён ҳамчунин оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонии мақомот, дастовардҳо дар самти адлия дар фазои Иттиҳод ва рушди институти пробатсия сухан намуд.

"Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ, зуҳури мушкилоти нав дар соҳаи амнияти киберӣ, инчунин зарурати таъмини рушди устувор вокуниши саривақтии ҳуқуқӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкориро тақозо менамоянд", - гуфт, вазир.

Дар замони муосир аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои давлатии ҳуқуқӣ, рушди адолати судии электронӣ, такмили механизмҳои мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқии технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳо меафзояд.
Эмомали Рахмон поздравил сотрудников органов МВД с Днём таджикской милиции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Зирак, забондон ва содиқ ба Ватан: Раҳмон гуфт милисаи муосир бояд чӣ гуна бошад
Дар доираи Шӯрои мазкур Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои ИДМ имзо шуд.
Инчунин қарор дар бораи таъсисёбии Шӯрои методии мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар назди Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои ИДМ қабул гардид.
Самтҳои афзалиятноки он таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0