https://sputnik.tj/20261110/rahmon-guft-milisai-muosir-tojikiston-1081977111.html
Зирак, забондон ва содиқ ба Ватан: Раҳмон гуфт милисаи муосир бояд чӣ гуна бошад
Зирак, забондон ва содиқ ба Ватан: Раҳмон гуфт милисаи муосир бояд чӣ гуна бошад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод гуфт
2026-11-10T11:34+0500
2026-11-10T11:34+0500
2026-11-10T11:37+0500
дар тоҷикистон
президент
таҷлили рӯзи милитсия
душанбе
эмомалӣ раҳмон
ҳифзи ҳуқуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081976647_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_b75b300453066dbc6152a779a39f3b56.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик, гуфт милисаи муосир бояд зираку доно забондон ва содиқ ба Ватану давлат бошад.Ба гуфтаи президент фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад.Президент гуфт, маҳз ба шарофати хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кишварамон суботу оромӣ ҳукмфармост.Дар ин росто, кишвардор ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард.Корманди милитсия бояд чӣ гуна бошад?Ба таъкиди президент, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки эҳтироми халқ ба давлат аз муносибату муоширати хуби намояндагони давлат бо мардум оғоз меёбад.Раҳмон гуфт, дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, аз худ намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунад.Раисиҷумҳур роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳоро вазифадор кард, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд."Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки донистани забонҳои хориҷӣ сатҳи ҷаҳондониву маърифати сиёсии кормандонро таҳким бахшида, барои муаррифии дастовардҳои миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузорад", - гуфт раисиҷумҳур.Ҳамзамон бо ин, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ аз масъалаҳои бисёр муҳим мебошад, таъкид кард президент.Ба андешаи кишвардор, истифодаи технологияҳои муосир, инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу оромӣ, амнияти давлат ва мубориза бо таҳдидҳои муосир нақши калон мебозад.Талафот ва пешравиҳо дар милитсияи тоҷикБино ба иттилои кишвардор, дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ беш аз 2 ҳаз. афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ зимни иҷрои вазифа ҷон бохтаанд.Ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад, гуфт кишвардор.Беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар ВМКБ, Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, инчунин, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.Дар ин муддат, ҳамчунин, бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид.Бо дарназардошти сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос низ меафзояд.Аз ин лиҳоз, дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.Ҳамчунин дар Душанбе барои омода намудани кадрҳои наву баландихтисос ва мутахассисони соҳибкасби соҳа литсейи "Дурахшандагон"-и Вазорати корҳои дохилӣ бо беҳтарин шароиту имкониятҳо ба фаъолият оғоз намуд.Кишвардор изҳори боварӣ кард, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.
https://sputnik.tj/20251110/rahmon-militsiya-hifzi-oromi-subot-omoda-1072809360.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081976647_331:86:1786:1177_1920x0_80_0_0_e4ee32f58a733e99526d0398a2d9c0d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, президент, таҷлили рӯзи милитсия, душанбе, эмомалӣ раҳмон, ҳифзи ҳуқуқ
дар тоҷикистон, президент, таҷлили рӯзи милитсия, душанбе, эмомалӣ раҳмон, ҳифзи ҳуқуқ
Зирак, забондон ва содиқ ба Ватан: Раҳмон гуфт милисаи муосир бояд чӣ гуна бошад
11:34 10.11.2026 (Навсозишуда: 11:37 10.11.2026) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кормандони ҳифзи ҳуқуқро бо Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод гуфт
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик, гуфт милисаи муосир бояд зираку доно забондон ва содиқ ба Ватану давлат бошад.
Ба гуфтаи президент фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад.
"Милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум аст", - бовар дорад кишвардор.
Президент гуфт, маҳз ба шарофати хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кишварамон суботу оромӣ ҳукмфармост.
Дар ин росто, кишвардор ба ҳамаи кормандон, афсарону сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард.
Корманди милитсия бояд чӣ гуна бошад?
Ба таъкиди президент, ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки эҳтироми халқ ба давлат аз муносибату муоширати хуби намояндагони давлат бо мардум оғоз меёбад.
"Ҳар як корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод ба вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин, садоқати худ сазовори боварии шаҳрвандон бошад", - гуфт раисиҷумҳур.
Раҳмон гуфт, дар шароити муосир, ки шаклу усулҳои ҷинояткорӣ пайваста тағйир меёбанд, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, аз худ намудани технологияҳои муосир, такмили роҳҳои омода кардани кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ ва мубодилаи саривақтии иттилоот аҳаммияти махсус пайдо мекунад.
Раисиҷумҳур роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳоро вазифадор кард, ки дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.
"Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки донистани забонҳои хориҷӣ сатҳи ҷаҳондониву маърифати сиёсии кормандонро таҳким бахшида, барои муаррифии дастовардҳои миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузорад", - гуфт раисиҷумҳур.
Ҳамзамон бо ин, тақвияти омӯзиши технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ аз масъалаҳои бисёр муҳим мебошад, таъкид кард президент.
Ба андешаи кишвардор, истифодаи технологияҳои муосир, инноватсия, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳалли масъалаҳои таҳкими сулҳу оромӣ, амнияти давлат ва мубориза бо таҳдидҳои муосир нақши калон мебозад.
Талафот ва пешравиҳо дар милитсияи тоҷик
Бино ба иттилои кишвардор, дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ беш аз 2 ҳаз. афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ зимни иҷрои вазифа ҷон бохтаанд.
Ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад, гуфт кишвардор.
Беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳои вазорат дар ВМКБ, Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, инчунин, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин муддат, ҳамчунин, бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид.
Бо дарназардошти сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос низ меафзояд.
Аз ин лиҳоз, дар баробари Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, факултети фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуд.
Ҳамчунин дар Душанбе барои омода намудани кадрҳои наву баландихтисос ва мутахассисони соҳибкасби соҳа литсейи "Дурахшандагон"-и Вазорати корҳои дохилӣ бо беҳтарин шароиту имкониятҳо ба фаъолият оғоз намуд.
Кишвардор изҳори боварӣ кард, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хизмат мекунанд.