https://sputnik.tj/20261102/karlson-ima-metavonad-ruzho-nazdik-eron-hamla-hastai-1081733568.html
Карлсон: ИМА метавонад ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад
Карлсон: ИМА метавонад ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори амрикоӣ қайд мекунад, ки маъмурияти Трамп таҳти фишори сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳамлаи ҳастаиро баррасӣ мекунад
2026-11-02T13:55+0500
2026-11-02T13:55+0500
2026-11-02T13:55+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
има
исроил
бинёмин нетаняҳу
доналд трамп
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081734223_0:230:3072:1958_1920x0_80_0_0_b85598760a62187a496aeb02c84ec03f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида дар рӯзҳои наздик метавонад ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳадюДар ин бора рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон дар саҳифаи X-и худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ин корро таҳти фишори сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу анҷом медиҳад. Гӯё сарвазири Исроил ин корро пайваста аз сабаби вазъи ноустувори сиёсии пас аз интихоботи парлумонии кишвар анҷом медиҳад. Карлсон кӯҳи Пикаксро ҳамчун ҳадафи эҳтимолӣ номбар кардааст, ки тибқи маълумоти иктишофии Исроил, Эрон метавонад барномаи ғанигардонии ураниуми худро аз нав оғоз карда бошад. Карлсон иддао дорад, ки ҳеҷ силоҳ наметавонад ба мудофиаи қариб 100-метраи ин иншоот ворид шавад, аз ин рӯ ҳамлаи ҳастаӣ ягона гузина боқӣ мемонад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, Трамп зоҳиран ҳанӯз дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ қарор нагирифтааст ва айни замон бо мушовирони худ машварат мекунад. Қаблан, котиби Пентагон Пит Хегсет изҳор дошт, ки Эрон ба зудӣ бояд интихоби воқеӣ кунад: ё аз барномаи ҳастаии худ дар мизи музокирот даст кашад ё бо сатҳи харобие рӯбарӯ шавад, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад расонад. Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп борҳо изҳор доштааст, ки низоъ бо Эрон ба зудӣ хотима хоҳад ёфт: ё бо роҳи сулҳомез ё бо истифода аз зӯр аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида. Теҳрон, аз ҷониби худ, изҳор дошт, ки барои ҳама гуна сенария дар сурати муқовимати низомии нав бо Вашингтон омода аст. Ҳамлаи нав ба қаламрави Эрон тавозуни мавҷудаи қудратро дар минтақа тағйир медиҳад.
https://sputnik.tj/20261101/rais-shuro-amniyat-eron-lahn-vashington-mukolama-tehron-taghyir-1081722612.html
эрон
има
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/02/1081734223_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_fe9e5ded765290f1ba6f0650f19d2c23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, исроил, бинёмин нетаняҳу, доналд трамп, дар ҷаҳон
эрон, има, исроил, бинёмин нетаняҳу, доналд трамп, дар ҷаҳон
Карлсон: ИМА метавонад ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад
Рӯзноманигори амрикоӣ қайд мекунад, ки маъмурияти Трамп таҳти фишори сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳамлаи ҳастаиро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида дар рӯзҳои наздик метавонад ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳадю
Дар ин бора рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон дар саҳифаи X-и худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон ин корро таҳти фишори сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу анҷом медиҳад.
Гӯё сарвазири Исроил ин корро пайваста аз сабаби вазъи ноустувори сиёсии пас аз интихоботи парлумонии кишвар анҷом медиҳад.
"Таҳти фишори Нетаняҳу, маъмурияти Трамп метавонад дар давоми чанд рӯз ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад", - навиштааст рӯзноманигор.
Карлсон кӯҳи Пикаксро ҳамчун ҳадафи эҳтимолӣ номбар кардааст, ки тибқи маълумоти иктишофии Исроил, Эрон метавонад барномаи ғанигардонии ураниуми худро аз нав оғоз карда бошад.
Карлсон иддао дорад, ки ҳеҷ силоҳ наметавонад ба мудофиаи қариб 100-метраи ин иншоот ворид шавад, аз ин рӯ ҳамлаи ҳастаӣ ягона гузина боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, Трамп зоҳиран ҳанӯз дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ қарор нагирифтааст ва айни замон бо мушовирони худ машварат мекунад.
Қаблан, котиби Пентагон Пит Хегсет изҳор дошт, ки Эрон ба зудӣ бояд интихоби воқеӣ кунад: ё аз барномаи ҳастаии худ дар мизи музокирот даст кашад ё бо сатҳи харобие рӯбарӯ шавад, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад расонад.
Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп борҳо изҳор доштааст, ки низоъ бо Эрон ба зудӣ хотима хоҳад ёфт: ё бо роҳи сулҳомез ё бо истифода аз зӯр аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида.
Теҳрон, аз ҷониби худ, изҳор дошт, ки барои ҳама гуна сенария дар сурати муқовимати низомии нав бо Вашингтон омода аст. Ҳамлаи нав ба қаламрави Эрон тавозуни мавҷудаи қудратро дар минтақа тағйир медиҳад.