https://sputnik.tj/20261101/rais-shuro-amniyat-eron-lahn-vashington-mukolama-tehron-taghyir-1081722612.html
Раиси Шӯрои Амнияти Эрон: лаҳни Вашингтон дар муколама бо Теҳрон тағйир ёфтааст
Раиси Шӯрои Амнияти Эрон: лаҳни Вашингтон дар муколама бо Теҳрон тағйир ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буд, ки Вэнс бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп, гӯё ба Ризоӣ номаи махфӣ фиристодааст
2026-11-01T19:05+0500
2026-11-01T19:05+0500
2026-11-01T19:05+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
има
музокирот
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/01/1081719302_6:0:1073:600_1920x0_80_0_0_9f4e9088dd2483ec7621a6ed8235f8b9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя- Sputnik. Муҳсин Ризоӣ, раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, изҳор дошт, ки ИМА дар муколама бо Теҳрон оҳанги худро тағйир додааст. Аммо, Эрон ҳанӯз ба номаи ноиби президенти ИМА Ҷ.Д. Вэнс посух надодааст. Дар ҳамин ҳол Ризоӣ изҳор доштааст, ки музокироти Эрон ва ИМА танҳо дар вақте сурат мегирад, ки Вашингтон ҳафт шарти Теҳронро қабул кунад. "Мо ҳафт шарти худро ба ИМА расондем ва изҳор доштем, ки то он даме, ки Вашингтон талабҳои Теҳронро иҷро накунад, музокирот баргузор намешавад. Ин шартҳо аз Ёддошти Исломобод фарқ мекарданд",- гуфт вай.Ӯ инчунин афзуд, ки Эрон бояд ИМА-ро "ҷазо диҳад", зеро агар Теҳрон ин корро накунад, ҳар кишвари дигар қарор хоҳад дод, ки метавонад ҳамлаҳои низомии шабеҳро ба Эрон анҷом диҳад.Қаблан, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки Вэнс бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп ба Ризоӣ номаи махфӣ фиристодааст. Ба гуфтаи нашрия, ноиби президенти ИМА кӯшиш кардааст, ки дурнамои аз нав оғоз кардани муколамаи сулҳомез бо Эронро омӯзад ва аз ҳамлаҳои бузурги минбаъдаи ИМА ба қаламрави Эрон пас аз интихоботи миёндавраии Конгресс дар моҳи ноябр пешгирӣ кунад. 28 феврал ИМА ва Исроил ба ҳадафҳои Эрон ҳамла карданд. Теҳрон бо ҳамлаҳои худ посух дод. Дар нимаи моҳи июн, Эрон ва ИМА ёддошти қатъи амалиёти ҷангӣ имзо карданд, аммо баъдан ду тараф боз ҳамла карданд. Низоъ то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/62135
эрон
има
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/01/1081719302_140:0:940:600_1920x0_80_0_0_af68d65103d804343ffe15ec533ddbc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, музокирот, ховари миёна
эрон, има, музокирот, ховари миёна
Раиси Шӯрои Амнияти Эрон: лаҳни Вашингтон дар муколама бо Теҳрон тағйир ёфтааст
Қаблан, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар дода буд, ки Вэнс бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп, гӯё ба Ризоӣ номаи махфӣ фиристодааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя- Sputnik. Муҳсин Ризоӣ, раиси Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, изҳор дошт, ки ИМА дар муколама бо Теҳрон оҳанги худро тағйир додааст.
Аммо, Эрон ҳанӯз ба номаи ноиби президенти ИМА Ҷ.Д. Вэнс посух надодааст.
"Оҳанги онҳо тағйир ёфтааст... Ман ҳанӯз ба номаи ноиби президенти ИМА посух надодаам", - гуфт Ризоӣ дар телевизиони давлатии Эрон.
Дар ҳамин ҳол Ризоӣ изҳор доштааст, ки музокироти Эрон ва ИМА танҳо дар вақте сурат мегирад, ки Вашингтон ҳафт шарти Теҳронро қабул кунад.
"Мо ҳафт шарти худро ба ИМА расондем ва изҳор доштем, ки то он даме, ки Вашингтон талабҳои Теҳронро иҷро накунад, музокирот баргузор намешавад. Ин шартҳо аз Ёддошти Исломобод фарқ мекарданд",- гуфт вай.
Ӯ инчунин афзуд, ки Эрон бояд ИМА-ро "ҷазо диҳад", зеро агар Теҳрон ин корро накунад, ҳар кишвари дигар қарор хоҳад дод, ки метавонад ҳамлаҳои низомии шабеҳро ба Эрон анҷом диҳад.
Қаблан, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки Вэнс бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп ба Ризоӣ номаи махфӣ фиристодааст.
Ба гуфтаи нашрия, ноиби президенти ИМА кӯшиш кардааст, ки дурнамои аз нав оғоз кардани муколамаи сулҳомез бо Эронро омӯзад ва аз ҳамлаҳои бузурги минбаъдаи ИМА ба қаламрави Эрон пас аз интихоботи миёндавраии Конгресс дар моҳи ноябр пешгирӣ кунад.
28 феврал ИМА ва Исроил ба ҳадафҳои Эрон ҳамла карданд. Теҳрон бо ҳамлаҳои худ посух дод. Дар нимаи моҳи июн, Эрон ва ИМА ёддошти қатъи амалиёти ҷангӣ имзо карданд, аммо баъдан ду тараф боз ҳамла карданд. Низоъ то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст.