https://sputnik.tj/20261029/shoiri-khalqii-tojikiston-jura-hoshim-darguzasht-1081633360.html
Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошим даргузашт
Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошим даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷӯра Ҳошим дар шаҳри Душанбе дар синни 78-солагӣ даргузашт.
2026-10-29T16:12+0500
2026-10-29T16:12+0500
2026-10-29T16:12+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
вазорати фарҳанг
шоир
даргузашт
зиндагинома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1d/1081641875_0:58:1500:902_1920x0_80_0_0_81f5fd41d66a3b0d1ba3c8c9e56bf7b6.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷӯра Ҳошим дар шаҳри Душанбе дар синни 78-солагӣ даргузашт.Дар ин бора, Вазорати фарҳанг хабар дода, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми ҳаводорони каломи бадеъ изҳори ҳамдардӣ кардааст.Ҷӯра Ҳошимӣ бо осори пурмазмуни худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти кӯдакону наврасон, саҳми арзишманд гузоштаанд.Ашъори рангину тарбиявии ӯ, ки саршор аз меҳру муҳаббат, самимият, некӣ ва андешаҳои созандаанд, дар тарбияи маънавии наслҳои гуногун нақши муассир дошта, дар қалби хонандагони хурдсолу бузургсол ҷойгоҳи хос дорад.Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфта, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) буд.Солгарди фаромӯшшуда: ёдбуди Тоҷӣ Усмонов, ки қариб ноаён гузаштӮ фаъолияти эҷодияшро бештар дар рӯзномаҳои бачагона гузаронида, аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.Китобҳои ашъори ӯ "Соябони садранга” (1980), “Офтобак” (1986), “Ман Алифбо мехонам!”, “Нинӣ бапо шуд”, “Аз як-як то лак-лак”, “Кулча чаро ширин аст?”, “Ман ба куҷо медавам?”, “„Ре“ мегӯям ман бурро!”, “Рӯзи нав”, “Чаро шамолак вазид?”, “Баччаҳову кӯчаҳо”, “Мусиқии хомӯшӣ” ва дигарон аст.
https://sputnik.tj/20261029/nazirjon-tursunov-darguzasht-1081624286.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1d/1081641875_0:0:1500:1126_1920x0_80_0_0_708f0577198acc9abf07de511a682d5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, вазорати фарҳанг, шоир, даргузашт, зиндагинома
фарҳанг, дар тоҷикистон, вазорати фарҳанг, шоир, даргузашт, зиндагинома
Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошим даргузашт
Ҷӯра Ҳошимӣ бо осори пурмазмуни худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти кӯдакону наврасон, саҳми арзишманд гузоштаанд
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷӯра Ҳошим дар шаҳри Душанбе дар синни 78-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанг хабар дода, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкорон ва тамоми ҳаводорони каломи бадеъ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Аҳли фарҳанг ва санъати Тоҷикистон аз даргузашти шоири маъруфу маҳбуби кӯдакон, инсони наҷибу хоксор ва устоди сухан Ҷӯра Ҳошимӣ сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила, пайвандону наздикон, изҳори ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимӣ менамоянд", - омадааст дар номаи таслияти Вазорат.
Ҷӯра Ҳошимӣ бо осори пурмазмуни худ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, бахусус адабиёти кӯдакону наврасон, саҳми арзишманд гузоштаанд.
Ашъори рангину тарбиявии ӯ, ки саршор аз меҳру муҳаббат, самимият, некӣ ва андешаҳои созандаанд, дар тарбияи маънавии наслҳои гуногун нақши муассир дошта, дар қалби хонандагони хурдсолу бузургсол ҷойгоҳи хос дорад.
Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфта, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) буд.
Ӯ фаъолияти эҷодияшро бештар дар рӯзномаҳои бачагона гузаронида, аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Китобҳои ашъори ӯ "Соябони садранга” (1980), “Офтобак” (1986), “Ман Алифбо мехонам!”, “Нинӣ бапо шуд”, “Аз як-як то лак-лак”, “Кулча чаро ширин аст?”, “Ман ба куҷо медавам?”, “„Ре“ мегӯям ман бурро!”, “Рӯзи нав”, “Чаро шамолак вазид?”, “Баччаҳову кӯчаҳо”, “Мусиқии хомӯшӣ” ва дигарон аст.