Этнограф, таърихшинос, профессор: Назирҷон Турсунов даргузашт

© Sputnik / Александр Кряжев
/ Обуна шудан
Назирҷон Турсунов доктори илмҳои таърих ва профессор дар паи беморӣ вафот кард
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Профессор Назирҷон Турсунов, рӯзи 29 октябр дар синни 84 - солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Дар ин бора, наздикони хонаводаи профессор ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Бино бар хабари наздикони марҳум, профессор Назирҷон Турсунов дар паи бемории начандон дароз аз олам чашм пӯшид.
Бино бар хабари наздикони марҳум, профессор Назирҷон Турсунов дар паи бемории начандон дароз аз олам чашм пӯшид.
Ҷанозаи профессор дар шаҳри Хуҷанд худи ҳамин рӯз ба хок супорида шуд.
Назирҷон Турсунов 12 августи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи Кировро (Ҳозира - Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд - таҳрир) хатм кардааст.
Назирҷон Турсунов 12 августи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи Кировро (Ҳозира - Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд - таҳрир) хатм кардааст.
Ӯ дар соҳаи мардумшиносӣ тадқиқот бурда солҳо барои бунёди осорхонаҳои мардумӣ аз ҷумла осорхонаи "Хонаи Эргашбой” саҳм гузоштааст.
Ӯ ба ҳайси мудири кафедраи таърих ва этнографияи Донишгохи миллии Тоҷикистон, профессор - мушовир дар Маркази илмии хуросоншиносии Машҳад (Эрон) фаъолият кардааст.
Муаллифи 20 монография ва беш аз 400 мақолаву китобҳои дарсӣ мебошад.
Муаллифи 20 монография ва беш аз 400 мақолаву китобҳои дарсӣ мебошад.
Китобҳои "Аз таърихи ҳунарҳои шаҳрии Тоҷикистони Шимолӣ", "Шаҳри офтобӣ", "Рушди шаҳру деҳоти Тоҷикистони Шимолӣ дар асрҳои XVIII — аввали XX", "Истаравшан", "Асосҳои этнологияи тоҷик", "Таърихи тоҷикон", "Таърихи халқи тоҷик" ва дигар осори эшон имрӯз низ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқони таъриху фарҳанги тоҷик манбаи арзишманд ба шумор мераванд.
Нашри "Куллиёти осор" дар соли 2022 далели дигари эътирофи профессор дар илми муосири тоҷик мебошад.
Назирҷон Турсунов соҳиби 4 духтар буд, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Масалан, духатараш Гулбаҳор Назирӣ муовини раиси Бонки Миллӣ, доктори илми иқтисодӣ аст.
Масалан, духатараш Гулбаҳор Назирӣ муовини раиси Бонки Миллӣ, доктори илми иқтисодӣ аст.
