https://sputnik.tj/20261026/tavsiyai-vazorat-volidayn-telefon-planshet-kudak-kitob-hunar-1081520515.html
Тавсияи вазорат ба волидайн: Ба ҷои телефону планшет ба кӯдак китоб диҳеду ҳунар омӯзед
Тавсияи вазорат ба волидайн: Ба ҷои телефону планшет ба кӯдак китоб диҳеду ҳунар омӯзед
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маори таъкид кардааст, ки таътилӣ тирамоҳӣ давраи хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
2026-10-26T18:51+0500
2026-10-26T18:51+0500
2026-10-26T18:51+0500
дар тоҷикистон
маориф
таътил
мактаб
вазорати маорифу илми тоҷикистон
тавсия
падару модар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1a/1081526943_530:247:3000:1636_1920x0_80_0_0_23b35f48ca9a5bccec2600fa263a50ec.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Аз якуми ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.Вазорат қайд кардааст, ин таътилҳо барои барқарор кардани неруи ҷисмониву зеҳнии кӯдакон муҳим аст.Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки ин рӯзҳоро беҳуда нагузаранд.Вазорат тавсия додааст, ки ба ҷои телефон ва планшет кӯдаконро ба хондани адабиёти шавқовар ва беруназсинфӣ ҷалб намоянд.Ҳамчунинба волидайн тавсия дода шудааст, ки кӯдаконро бештар ба ҳавои тоза бароранд, зеро сайругашт дар боғҳои истироҳатӣ ва машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ба саломатии ҷисмонии онҳо фоидаи калон дорад.Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки нагузоранд кӯдакон то дергоҳ бедор бимонанд.Инчунин тавсия дода шудааст, ки кӯдакон рӯзҳои таътилро барои рушди истеъдод самаранок истифода баранд.Ҳамчунин кӯдакон бояд ҳар рӯз 30-40 дақиқаро барои такрори дарсҳои гузашта ва иҷрои супоришҳои таътилӣ масраф кунанд то мавзуъҳо фаромӯш нашаванд.Қайд карда шудааст, ки таътили босамар — ин танҳо истироҳат аз дарсҳо нест, балки имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд мебошад.Хабар дода шудааст, ки бисёре аз мактабҳо ва марказҳои рушди кӯдакон дар ин давра маҳфилҳои фаннӣ, рассомӣ, шоҳмот ва барномасозӣ ташкил мекунанд.Духтарон метавонанд дар ин давра дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба азхуд кардани ҳунарҳо (дар зиндагии мустақилона ба онҳо лозим мешавад), тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, чеварӣ (дӯзандагӣ), сӯзанидӯзӣ, ороиши рӯй ва муй машғул шаванд.Писарбачаҳо дар ин давра метавонанд ҳунарҳои гӯштингирӣ, кандакорӣ, қассобӣ ва оҳангариро омӯзанд.Вазорати маориф мегӯяд, ки иштирок дар ин гуна маҳфилҳо ва ҳунаромӯзиҳо ба насли ҷавон кумак мекунад, ки вақти худро самаранок гузаронанд, соҳиби касбу кори муносиб шаванд.Ба гуфтаи вазорат падару модарон бояд дар давраи таътили тирамоҳӣ барои фарзандонашон вақт ҷудо намоянд.
https://sputnik.tj/20261005/vaziri-maorif-rohbaroni-donishgohho-talab-sifati-tahsilot-1080954344.html
https://sputnik.tj/20261025/khonandagon-tojik-tatil-tiramohi-1081487497.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1a/1081526943_862:310:2955:1880_1920x0_80_0_0_858df43654894322b758427660c22830.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, таътил, мактаб, вазорати маорифу илми тоҷикистон, тавсия, падару модар
дар тоҷикистон, маориф, таътил, мактаб, вазорати маорифу илми тоҷикистон, тавсия, падару модар
Тавсияи вазорат ба волидайн: Ба ҷои телефону планшет ба кӯдак китоб диҳеду ҳунар омӯзед
Вазорати маори таъкид кардааст, ки таътилӣ тирамоҳӣ давраи хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Аз якуми ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорат қайд кардааст, ин таътилҳо барои барқарор кардани неруи ҷисмониву зеҳнии кӯдакон муҳим аст.
“Таътили тирамоҳӣ фурсати муносибест, ки кӯдакон пас аз чоряки якуми таҳсил каме истироҳат кунанд ва неруи тоза ҷамъ оранд”, - қайд кардааст ин ниҳод.
Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки ин рӯзҳоро беҳуда нагузаранд.
Вазорат тавсия додааст, ки ба ҷои телефон ва планшет кӯдаконро ба хондани адабиёти шавқовар ва беруназсинфӣ ҷалб намоянд.
“Ин кор на танҳо ҷаҳони маънавии кӯдаконро бой мекунад, балки барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" заминаи мустаҳкам мегузорад”, - гуфт вазорат.
Ҳамчунинба волидайн тавсия дода шудааст, ки кӯдаконро бештар ба ҳавои тоза бароранд, зеро сайругашт дар боғҳои истироҳатӣ ва машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ ба саломатии ҷисмонии онҳо фоидаи калон дорад.
Вазорати маориф аз волидайн хоҳиш кардааст, ки нагузоранд кӯдакон то дергоҳ бедор бимонанд.
"Реҷаи хоб ва хӯрокро мувофиқи рӯзҳои дарсӣ нигоҳ доред, то ки пас аз таътил баргаштан ба мактаб барояшон душвор нагардад”, - қайд кардааст вазорат.
Инчунин тавсия дода шудааст, ки кӯдакон рӯзҳои таътилро барои рушди истеъдод самаранок истифода баранд.
Ҳамчунин кӯдакон бояд ҳар рӯз 30-40 дақиқаро барои такрори дарсҳои гузашта ва иҷрои супоришҳои таътилӣ масраф кунанд то мавзуъҳо фаромӯш нашаванд.
Қайд карда шудааст, ки таътили босамар — ин танҳо истироҳат аз дарсҳо нест, балки имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд мебошад.
Хабар дода шудааст, ки бисёре аз мактабҳо ва марказҳои рушди кӯдакон дар ин давра маҳфилҳои фаннӣ, рассомӣ, шоҳмот ва барномасозӣ ташкил мекунанд.
Духтарон метавонанд дар ин давра дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба азхуд кардани ҳунарҳо (дар зиндагии мустақилона ба онҳо лозим мешавад), тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, чеварӣ (дӯзандагӣ), сӯзанидӯзӣ, ороиши рӯй ва муй машғул шаванд.
Писарбачаҳо дар ин давра метавонанд ҳунарҳои гӯштингирӣ, кандакорӣ, қассобӣ ва оҳангариро омӯзанд.
Вазорати маориф мегӯяд, ки иштирок дар ин гуна маҳфилҳо ва ҳунаромӯзиҳо ба насли ҷавон кумак мекунад, ки вақти худро самаранок гузаронанд, соҳиби касбу кори муносиб шаванд.
Ба гуфтаи вазорат падару модарон бояд дар давраи таътили тирамоҳӣ барои фарзандонашон вақт ҷудо намоянд.